Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гӯши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг, тухмаш монанди тухми райҳони расмӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: дар бобати давогӣ ин райҳон қавитар аз ҷамилак аст.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳи майна ва бастагии сӯрохи биниро мекушояд; дарди сареро, ки аз сардӣ, тарӣ, балғамӣ, савдовӣ ва бодӣ бошад, дафъ мекунад; молихулиёро, ки вобаста ба пардаҳои шикам бошад ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, зукомро банд менамояд, зеро ки таҳлилгари рутубат ва бодҳои майна аст.
Агар инро бибӯянд, майнаро қувват мебахшад, мастии шароб ва хуморро манъ мекунад, бастагии сӯрохҳои биниро мекушояд.
Хушки ин навъи райҳонро кӯфта дар бинӣ бирезанд ё обашро чунин кунанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, каҷ шудани рӯй ва саръро шифо мебахшад.
Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, дар ҳаммом ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ мекунад.
Равғани инро бимоланд, фолиҷ ва бемориҳои асобро, ки аз сардӣ бошанд, монанди: кузоз (столбняк), карахтӣ, каҷ шудани рӯй ва ғайраро ба ибро меоварад. Ва агар инро ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавҳараки чашм, ки дар даври ибтидо бошад, дафъ мекунад, чашми заифро қавӣ мегардонад.
Хушкашро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд, кабудии зери чашмро, ки аз шах шудани хун дар зери пӯст бошад, дафъ мекунад.
Райҳони гӯши мушро хоида, обашро фурӯ баранд, обравии даҳанро манъ мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Обашро ё равғани онро нимгарм дар гӯш чаконанд ё латтаро дар равғани он тар карда дар гӯш гузоранд, гиреҳҳои даруни онро мекушояд.
Ин райҳонро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, фараҳ мебахшад, дарди узвҳои даруни сина, сурфа, зик-ун-нафас (астма), дилтапак (дилбозӣ) ва дард кардани дилро ба ибро меоварад; узвҳои ботиниро гарм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор