Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

узвҳои баданро мекушояд; истиско, зардпарвин, табҳои сафровӣ ва табҳои аз гиреҳҳо баамаломадаро шифо мебахшад; инро бо обе, ки дар он арпабодиён ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, заҳрро аз бадан, сустии гурда ва сипурзро дафъ мекунад, хун қай карданро манъ месозад, иштиҳо меоварад ва дар дигар ҷиҳатҳо хислатҳои баргашро дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз 7 то 18 грамм аст.

Вале таъми ин ногувор ва дилро беҳузур мекунад — давояш давоҳои хушбӯ ва сиканҷабин хӯрдан мебошад.

Мизоҷи решааш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро башиддат мекушояд, ахлоти баданро рақиқ (суюқ) мегардонад, роҳҳои ғизоро пок месозад, пешобро меронад; барои соф гардонидани хун, варами узвҳои даруни шикам ва сина, истиско даво мебошад; моддаҳои зарарнокро дар бадан пазонида, барои дафъ шудан муҳайё менамояд ва онҳоро пароканда месозад, табҳои мураккаби кӯҳнаро шифо мебахшад, дардҳои буғумҳоро таскин медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи кӯфтаи ин дар як рӯз аз 3,5 то 14 грамм аст, ва агар инро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшидан хоҳанд, аз 18 то 53 грамми инро андозанд.

  1. Коҳу

Инро ба русӣ салат меноманд. Коҳу растании маълум ва машҳур мебошад: саҳрой ва бӯстонӣ низ мешавад. Қисми саҳроияш ҳам намудҳои гуногун дорад.
Дар тиб барои давогӣ бӯстониашро истифода мекунанд.

Мизоҷи коҳуи бӯстонӣ сард ва тар дар дараҷаи
дуввум аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, хунро соф
мегардонад, дар бадан хуни рақиқи (суюқи) солим
пайдо мекунад ва дар ин бобат аз тараҳои дигар бехтар мебошад, зарари об ва ҳавои вабоиро дафъ менамояд, ҳаво ва обҳои гуногуни ногуворро ба ислоҳ меоварад, фишори баланди хуни сафроӣ, шиддати сафро,

пешина
аз 702
навбатӣ