Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сангдеҳон рӯянд. Инчунин шакли набототро гирифтани ҳайвонот ва шакли ҳайвонот доштани наботот — хуллас, тамоми намудҳо ва сохти чизҳои ҷондор аз таъсири ҷирмҳои осмонӣ сурат мегиранд.

Ҳамаи узвҳои ҳайвонот, ки вазифаи хоси ҳаётии худро иҷро менамоянд, ин қабил узвҳо дар наботот ҳам мавҷуданд, вале дар сохт ва намудҳои дигар офариниш ёфтаанд. Тафсилоти онро бинобар ба илми растанишиносӣ мансуб буданаш мо ин ҷо зикр намекунем.

Инак, дар пайдо шудани ҷисмҳои гуногуни беҷон, наботот ва ҷондор, инчунин дар гуногунии офариниши хислатҳои шифобахш, заҳрокунанда ва ғайраҳо таъсири мухталифи ҷирмҳои осмонӣ бечунучаро мерасанд ва ранг, хислат, бӯй, хусусиятҳои гуногуни ҷисмонӣ, кайфият ва мизоҷи хоси онҳоро ба амал меоваранд. Масалан, пиёз аз ҷиҳати гармии мизоҷи худ ва тезии таъм ба сайёраи Миррих мансуб аст ва бинобар рутубат доштанаш ба Зӯҳра тааллуқ мебошад. Афюн бинобар сардии мизоҷи худ ба Зуҳал ва дар хушкии мизоҷ ҳам ба Зуҳалу Уторид мансуб аст. Ё он ки як даво дорои чанд кайфият буда, ба якчанд кавкабони сайёра тааллуқ аст ва ё пӯсташ ба як сайёра, гулаш ба сайёраи дигар ва ғайра, қисмҳои дигараш, мумкин аст, ба дигар сайёраҳо мансуб бошанд.

  1. Давоҳои мансуб ба Зуҳал мухтасаран: Давоҳои ғайрихокистарранг ё сиёҳи хорнок, аҷзои даҳанро баҳамкашанда (даҳанро бурмакунанда) ва бадбӯ, ки дар ҷойҳои ноҳамвор ва сахтзамини кишварҳои ҷанубӣ бирӯянд ва он чӣ дар вақти некнии ҳоли Зуҳал, яъне баргаштан ва дар мақоми баландӣ будани он пайдо шаванд, накӯхислатанд ва аз он ҷумла барои бемориҳои сипурз нафъ доранд. Он чӣ дар бадии ҳоли ин сайёра, яъне ҳангоми бозгашт аз мақоми баланди худ ва поён фуромаданаш давоҳое, ки пайдо мешаванд, шум ва зарарнок мегарданд. Аз ҳамин ҳолат ва мавқеъҳои фалакии ин сайёра кайфият, хосият ва таъсирнокии гуногуни давоҳоро муайян мекунанд.

  2. Давоҳои мансуб ба Муштарӣ мухтасаран: Давоҳое, ки равғанноки хушбӯй ва некӯтаъм буда, гулашон сурх ё осмониранг ва баргҳошон софф (сафкашида) бошанду дар мавзеъҳои баланд ва талу теппаҳо бирӯянд, аз ҷумла ба ҷигар фоида доранд, хунро соф мегардонанд ва ҷароҳатҳоро ба ҳам меоваранд.

  3. Давоҳои мансуб ба Миррих мухтасаран: Давоҳос, ки ба сурхи моил, шахшӯл, хорнок ва он чӣ сӯзонанда, агар ҷоҳои рӯидаи онҳо заминҳои хушк бошанд, ба ин сайёра тааллуқ доранд.

пешина
аз 702
навбатӣ