Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

як рӯз 25 грамм аст. Ба ҷои ин баробари вазнаш равғани бед ва ним вазни он равғани бунафшаро истеъмол намоянд, равост.

  1. Гулоб. Инро бо воситаи гулбаргҳои гулисурхӣ дар асбоби анбик мукаттар кардан ҳосил менамоянд, ки ин гулоб, яъне оби гулисурх аст.

Мизоҷи гулоб мураккаб-ул-қувват аст. Баъзе табибон сардӣ ва хушкии мизоҷи онро зиёда донистаанд.

Хислатҳои шифобахши он: гулобро нимгарм бинӯшанд, бемориҳои аз назла пайдошуда, хун кай кардан, дағалии узвҳои даруни сина, тапидани дил (дилбозӣ), ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад, баданро қавӣ мегардонад; дардҳои меъда, рӯдаҳо, ки хоҳ аз сардӣ бошанд ва хоҳ аз гармӣ, дардҳои ҷигар ва сипурзро таскин медиҳад. Агар инро бо шароб даромехта бинӯшанд, фараҳи зиёде мебахшад. Хоҳ инро бибӯянд ва ё бимоланд, дарди сар ва дарди чашмро дафъ мекунад. Агар ба даруни он қаранфули гардан андохта, баъд бибӯянд, дарди сарро, ки аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад. Агар инро дар шиша рехта, он шишаро дафъа ба дафъа ҷунбонида, аз даҳанаш бибӯянд, майна ва ҳисҳои дохилиро қувват мебахшад, табъро чок мекунад, дилро қавӣ мегардонад; хумор, беҳушӣ ва дилтапакро барҳам медиҳад.

Аҷибаш дар ҳамин, ки ба одамони назла доштагӣ зарар дорад, ҳатто онро ба ҳаракат меоварад, инчунин барои боҳ (пушти камар) ҳам зиёнкор аст, инчунин мӯйро зуд сафед мегардонад. Давои ин гуна зарарҳояш набот хӯрдан ё бо набот истеъмол кардан аст.

  1. Гулканд

Гулбаргҳои гулисурхи хушбӯйро бо қайчӣ махин реза карда, як рӯз дар хона мегузоранд, то рутубати он хушк гардад. Баъд ин резаҳои гулисурхро як вазн ва шакар ду вазн ҳамроҳ намуда, хуб мемоланд, ки ҳар ду ба ҳам омехта гарданд ё мекубанд. Баъд чил рӯз дар офтоб мегузоранд, инак, гулканд тайёр мешавад.

Агар ба ҷои шакар дар ин таркиб асал ҳамроҳ намуда, ба усули мазкур тайёр намоянд, онро гулангзбин мегӯянд, ки гуласал аст.

Мизоҷи гулканд дар дараҷаи дуввум гарм ва дар

пешина
аз 702
навбатӣ