Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

(дилбозӣ), беҳузур (беҷо) шудани дил, иллати кайӣ сафровӣ, тафс ва гармими ҷигар, зардпарвин, истиско (водянка)-и гармиро ба ибро меоварад. Агар инро аз мавизи ангур пухта бошанд, овосро соф мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, зардпарвинро шифо мебахшад. Аз ҳама камфоидатарин хушоб аз зардолу тайёр кардашудаи он аст, зеро он боднок мебошад.

  1. Сирко

Инро аз аксари чизҳо монандӣ: ангур, хурмо, анҷир, шакар, оби найшакар, асал ва ғайра, аз ҳар меваи обдор ва ширин, аз донҳо монандӣ: биринҷ ва ғайра тартиб медиҳанд. Беҳтарини ҳама сиркои ангурист, ки оби ангурро соф намуда, дар хуми сафолӣ ё чинӣ, ки даруни онро равған молида бошанд ё дар шиша рехта, ба таносуби 10 литр оби он як литр сиркои сараро дохил намуда, даҳани зарфро пӯшида ва гиландуд карда, дар офтоб ё ҷои дигари гарм мегузоранд ва то расида гаштани он сабр мекунанд. Ё дар он оби ангур ва ғайра, ки аз он тайёр кардан бихоҳанд, сирко бирезанду бигузоранд, то хуб ба ҷӯш ояду май гардад. Пас ба даруни он сирко ва намак бирезанд ва ҳамон тавр бигузоранд, то расида гардад, турш шавад, ки сиркои хамрӣ иборат аз ҳамин аст. Ё он, ки май худ ба худ турш шуда сирко мегардад.

Сиркои хурмо он аст, ки як килограмм хурморо дар чор литр оби гарми ширини соф бирезанду дар хуми нави мукайяр (кирандуд) ё равған молидашуда рехта, даҳани онро маҳкам карда, як ҳафта дар офтоб мегузоранд. Баъд молида, соф гардонида, дар ду литри он як литр сиркои сара, 40 грамм намак дар он хум андохта, онро дар ҷое гузоранд, ки офтоб ҳамеша бар он бирасад, то он ки расида гардад. Аз дигар чизҳо низ ҳамин тариқ тартиб медиҳанд.

Мизоҷи сиркои ангурии мураккаб-ул-қувват аст, яъне камтар моддаи гарммизоҷ дорад ва миқдоре ҷавҳари сардмизоҷро доро мебошад; дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст. Мизоҷи сиркои хурмой, мавизӣ, анҷирӣ ва асалӣ наздик ба мизоҷи сиркои ангурист. Вале мизоҷи асалии он гармтар ва хушктар аст назар ба ангурии он. Аз нок, себ ва биҳӣ тайёр кардашудаи он

пешина
аз 702
навбатӣ