Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Сиркоро ба даруни гӯш чаконанд, кирми гӯшро мекушояд, дардашро низ таскин медиҳад. Онро ҷӯшонида, бухорашро бо воситаи қиф дар гӯш бигиранд, ҷарангҳои гуногуни гӯш ва гаронии ин узвро дафъ мекунад; дар бинӣ бирезанд, бастагии сари биниро мекушояд ва боиси тезии шунавоӣ мегардад.
Чун 25 грамм пиёзи ансули хушкро бо корд варак-варак реза карда, дар сирко биҷӯшонанд, то пухта муҳарро шавад ва як ҳафта дар офтоб гузоранд. Баъд онро соф намуда, ҳар рӯз ба дили наҳор 7 грамми онро биёшоманд, барои бадбӯии даҳан, ки вобаста ба ҳолати меъда бошад, дармон мешавад. Сиркоро намакин карда, баъд дар даҳан гардонанд, хуни буни дандонро, ки канда бошанд, қатъ мекунад; инро бо зоки сафед даромехта, онро дар даҳан гардонанд, дандонро сафед ва аз чирк пок мегардонад, хуни равонро аз милки он манъ менамояд, дандонҳои сустро мустаҳкам мегардонад; бо шибит сиришта, ба дандон бимоланд, дандони чунбонакро сахт мекунад.
Бо худи сирко гаргара кунанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба ҳалқ манъ мекунад, дарди гулӯи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун дар он мавзеъ мебошад, шифо мебахшад; забончаи ҳалкро, ки афтода бошад, боз ба ҷояш мебардорад, дарди дандонро таскин медиҳад; бо зира ва кокутӣ сиришта, ин таркибро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва захмҳои милки дандонро шифо мебахшад.
Агар сиркоро андак-андак бихӯранд, зулуки дар ҳалқ часпидаро берун меоварад, сурфаи кӯҳнаро шифо мебахшад, нафаси ростаро, яъне ростнафасро, ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад.
Ғӯраи чормағзро дар вақти пунбадона барин буданаш дар сирко андозанду ҳамон тавр бигузоранд, то он ки расида гардад, баъд бо он гаргара намоянд, барои дарди гулӯ ва бемориҳои номбурдаи узвҳои даҳан ва ҳалқ беҳтарин даво мебошад.
Сиркоеро, ки аз пиёзи ансул тайёр карда шуда бошад, биёшоманд, барои сурфаи сабабаш моддаҳои сардмизоҷ ё аз хунукӣ бошад, зиқ-ун-нафас (тангии нафас), бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои сипурз ва истиско даво мешавад.
Ҳар навъ сиркоро бихӯранд, ташнагиро дафъ мекунад, барои ҳазми таом ёрӣ мерасонад, хунравиҳои гуногунро аз аъзои дохилӣ қатъ мекунад, иштиҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор