Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
зуд аз меъда гузаранда, фарахбахш, вале табҳои гармро пайдо мекунад. Шароби вазнин, яъне баланд дерҳазм, сабуки он, яъне камкайфи он зуд таъсирбахш аст. Шароби қадим ва кӯҳнаи он зуд таъсир мебахшад, ба ҳамаи даҳ ҳисси инсон зарар мекунад, инчунин ба асабҳо низ азиятрасон аст. Шароби нав боднок, дерҳазм ва пайдокунандаи бемориҳои балғамист. Шароби соф гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро меронад. Шароби нави тира дар ҳичак санг пайдо мекунад, дар узвҳо гиреҳҳоро ба амал меоварад.
Дар нӯшидани май он маврид, ки ҳангоми ташнагӣ, зарарнок аст; ҳангоми гурусна будани шикам, дар вақти серӣ, ғазаб, машаққат, ҳаракатҳои сахт, ҳавои бисёр гарм, ба як дафъа бисёр нӯшидан хеле зарарнок аст. Меъёри истеъмоли он моҳе як мартаба, агар бисёр зуд истеъмол карданаш матлуб бошад, ҳафтае як мартаба, ки ин барои истироҳати рӯҳҳо ва қувватҳо мебошад, дар айни ҳол ин сустиновар ба ҳамаи узвҳо мебошад.
Азбаски май ба ақл ғолиб аст, нӯшандаашро беҷодалер ва шуҷоъ мегардонад, пас ба корҳои нописанд ва баду радди ҳидоятгар аст.
Модоме, ки май дар бадан ворид гашта, ҳаракат ва ҷӯшиши моддаҳои баданро аз эътидол афзун месозад, пас таъсири ғариба, яъне бегонаро дар бадан эҷод менамояд. Аз ҷумла ба се рӯҳ ва қувватҳо, ки инҳо дар дил, майна ва ҷигар макон доранд, ба феъли ҳар сеи ин узв гаронӣ меоварад, дигаре ба узвҳои таносул, ки гурда, хоя ва закар, бачадон мебошанд, манфӣ таъсир бахшида, феъли онҳоро ғайритабиӣ, яъне ғайримодарзодӣ мегардонад. Май ҳамчун чизҳои дигари мускир (кайфовар) бинобар ба ҷӯш овардани моддаҳои бадан, наслро месӯзонад, яъне фарзанди майпараст ё поқобил, ё фиребгар, ё дузд, ё танбал, ё кундзеҳн, ё маъюб, хуллас, бо нуқсоне ба дунё меояд.
Як хислати оддии занҷон солиммақлро таъкид кардан кифоя аст, ки ба ҳамин гуна зани бешавҳар барои хостгорӣ раванд, вай аз ҳама пеш пурсон мешавад: шароб менӯшад? Агар майнӯш бошад, ба хостгор ҷавоби манфӣ медиҳад.
Ба ҳамин як суол кӣ ҷавоби мусбат дода метавонад. Оё ягон нафар майнӯш ёфта мешуда бошад, ки ақли баркамол дошта бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор