Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ва гӯшти ҳаром ва мурдори ҷароҳатро дур карда, гӯшти солим мерӯёнад.

Наботро сӯхта, дудашро ба машом бигиранд, зу- комро дафъ мекунад, бастагии сӯрохи биниро меку- шояд.

Вале истеъмоли набот, қанд ва шакар ба дарун ба беморони сил, исҳол, дарди рӯдаҳо ва касони сафро- вимизоҷ зарар дорад, хусусан, ки ҳангоми гурусна бу- дани шикам бихӯранд; дар одамони тармизоҷ агар бал- ғам ва рутубат дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди сар мекунад. Аммо соҳибони ин мизоҷ бо равған ва туршӣ истеъмол намоянд, зиёнаш бисёртар аст. Агар шакар, қанд ва набот хеле кӯҳна шуда бошад, модда- ҳои фоиданоки баданро мурдор мегардонад ва хунро месӯзонад. Дар вақти зиён карданаш бодоми ширин, шири навдӯшида, туршиҳо, оби анорҳо, оби биҳӣ ва коҳу истеъмол намоянд, ислоҳ менамояд.

Миқдори хӯрдан аз ин дар як рӯз то 100 грамм аст.

  1. Замбӯруғи танаи дарахт

Ин дар реша ва танаҳои дарахтони пӯсида ва кун- даҳои боқимонда монандӣ замбӯруғ мерӯяд, ки ду навъ аст: нар ва мода, бо рангҳои гуногун. Таъмаш бо ширинӣ, тезӣ ва талхӣ ва қабзиятнокӣ мебошад. Навъи нараш андак сахтар аст назар ба модаи он, кулӯла, бо табақот, ки гӯё яклухт аст бӯ хилофи мо- дан он. Қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Беҳтарин ва дар тиб истеъмолшавандаи он қисми модаи сафеди сабуквазни табақадор, ҳамвор ва мулоими он аст, ва- ле ғайри кулӯла, ки қитъаҳои он бузург ва зуд реза- шаванда мебошад ва бо андак соидан аз ҳам пошида мегардад — ин фоидабахш аст. Агар он чӣ ба хилофи ин бошад, барои табобат намешояд. Қисмҳои зард ва сурхи он ба заҳрнокӣ наздик аст ва сиёҳи он заҳрнок — ва ҳамон ин навъҳояш истеъмол намегарданд.

Шарти истеъмоли қисми модаи сафеди он чунин аст, ки ба ордбезак ё ғирбол бимоланд, қисми сабук ва мулоимаш аз он мегузарад, вале қисми заҳрноки он, ки сахттар аст, нагузашта мемонад. Инро намекӯбанд, зеро ки агар бикӯбанд, қисмҳои заҳрнокаш, ки ба шакли ноҳуни бурида аст, низ дохил мегарданд.

Дар бобати мизоҷаш қавлҳои бисёр ва гуногун

пешина
аз 702
навбатӣ