Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Хислатҳои шифобахши он: Хусусиятҳои тиббии он: часпонанда, камтар хушк ҳам мекунад, тезии давоҳоро мешиканад, хунро ҳам ғафс мегардонад, сахтиҳои узвҳои баданро мулоим менамояд, шасти ахлоқ ва сӯзиши онҳо пас менинонад, инчунин тезии давоҳои ошомиданиро дар рӯдаҳо кам мекунад ва таъсири шифобахшии он давоҳоро зиёда мегардонад бинобар хосияти часпандагӣ доштанаш.
Агар инро бо луоб ва давоҳои дигари муносиб даромехта ба чашм кашанд, дард, захм ва обилаҳои чашмро шифо мебахшад.
Катироро бо шири хар ва ё бо шири навдӯшида бихӯранд, хун қай карданро хоҳ аз меъда бошад, хоҳ аз узвҳои даруни сина ва дигар ҷоҳои дарун, қатъ мекунад; барои сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва ҳалқ, захми шуш ва гирифтагии овоз дармон мешавад. Агар катироро бо асал сиришта, ҳаб ё курс сохта, дар даҳан нигоҳ доранду обашро фурӯ баранд, барои ҳамон иллатҳои узвҳои даруни сина дармон мешавад.
Агар инро бо давоҳои муносиб биёшоманд, рӯдаҳоро қувват мебахшад ва инчунин захм ва сӯзиши онҳоро дафъ мекунад, дарди гурда ва ҳичакро таскин медиҳад, захми ҳичак ва роҳҳои пешобро сиҳат мекунад, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок низ меноманд, дафъ месозад, ҳоли давоҳои захнокро ислоҳ медиҳад ва мегӯянд, ки моддаи сафро ва балғамро, ки часпак бошад, бо исҳол дафъ мекунад.
Агар инро бо мағзи ҳар гуна бодоми бепӯст бо мудовамат бихӯранд ва ё баробари вазни он шакар ва хоҳ аз ин таркиб нишоиста тайёр карда биёшоманд, баданро бағоят фарбеҳ мекунад, хусусан баъд аз он ширеро, ки дар он норгил (чавзи ҳиндӣ) ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, зуд ва зиёда таъсир дорад.
Ин шилмро бимоланд, барои дафъ кардани доғи кунҷидак, нарм гардонидани пӯст, дафъи шахшӯлии он ва кафидани лаб дармон мешавад. Агар инро бо сирко сиришта бимоланд, барои дафъ кардани доғи сафеди пӯст ва пес дору мешавад; бо луобҳо даромехта бимоланд, таркидани мӯйҳоро ислоҳ мекунад.
Агар инро бо гӯгирд сиришта гузошта банданд, барои кӯтур, решҳои хӯранда, вале агар бо давоҳои муносиб даромехта гузошта банданд, барои аксари захмҳои аз гармӣ ва сардӣ суратгирифта дору мешавад.
Вале истеъмоли катиро ба дарун ба қисми поёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор