Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
АЗ МУАЛЛИФ
Мувофиқи планин илмии Вазорати мактабҳои олӣ ва мактабҳои ихтисосии миёна, бояд донишҷӯёни факултетҳои таъриху филология ва ҳуқуқшиносӣ асосҳои илми мантиқро омӯзанд. Аммо дар айни замон ба забони тоҷикӣ китобе нест, ки вай асосҳои ин илмро дар бар гирифта бошад. Китоби дарсии С. Н. Виноградов ва А. Ф. Кузьмин дар бораи илми мантиқ, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ду камбудии асосӣ дорад:
Якум, ин китоб мувофиқи программи мантиқи мактабҳои олӣ навишта нашуда, балки бо мақсади бо мафҳумҳои оддии мантиқ шинос кардани талабагони мактабҳои миёна таълиф гардидааст. Бинобар ин, дар китоби дарсии номбаршуда масъалаҳои муҳими мантиқ, ки донистани онҳо барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ зарур аст, ифода наёфтаанд.
Дувум, дар ин китоб масъалаҳои мантиқи ҳозиразамон — мантиқи математикӣ акс наёфтааст.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки то ҳол дар соҳаи философия, мантиқ ягона терминологияи ба забони тоҷикӣ қабулшудае надорем. Қатъи назар аз ин, мо дар ин ҷо терминологияи муайяниро қабул намудем, ки ин ҳанӯз мукаммал нест.
Дар китоби дарсӣ, асосан се чиз ба назар гирифта шудааст:
Якум, китоб мувофиқи программи мактабҳои олӣ навишта шуда, баёни таълимоти илми мантиқро ба қадри имкон мунтазам ва пурра дар бар мегирад. Дар вақти баён намудани асосҳои илми мантиқ ихтисоси мутахассисони оянда низ ба назар дошта шудааст.
Дувум, дар китоб ба тариқи мухтасар ақида ва таълимоти баъзе мутафаккирон ва мантиқшиносони Осиёи Миёна ифода ёфтаанд. Бо ақида ва лаҳзаҳои пешқадами таълимоти мантиқии гузаштаи халқи худ шинос шудани хонандагон бешубҳа аҳамияти калони илмӣ ва тарбиявӣ дорад.
Сеюм, дар вақти баёни масъалаҳои мантиқӣ, хусусан дар он қисмҳое, ки мавзӯъҳои «Мафҳум ва калима», «Муҳокима ва ҷумла», «Хулосабарории бевосита» ифода карда мешаванд, хусусиятҳои ба худ хоси забони тоҷикӣ ба эътибор гирифта шудаанд.
Мантиқ яке аз илмҳои инкишоф ёфтаистодаи замони ҳозира мебошад. Мантиқи умумӣ ба ҷузъҳои конкретии гуногун: мантиқи математикӣ, мантиқи конструктивӣ, мантиқи комбинаторӣ, мантиқи техникӣ ва ҳоказо тақсим мешавад. Дар ин китоб дар бораи инкишофи мантиқ ва таълимоти мантиқи математикӣ мухтасар маълумот дода мешавад.
Асари мазкур, дар асоси лексияҳое, ки муаллиф дар факултетҳои таъриху филология ва ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар зарфи чандин сол хондааст, навишта шудааст ва дар соҳаи илми мантиқ таҷрибаи аввалин мебошад. Аз ин рӯ, китоби мазкур, албатта, аз камбудию нуқсонҳо холӣ нест. Ба шахсоне, ки бо мазмуни ин китоб шинос шуда, барои беҳтар намудани нашри ояндаи он фикру мулоҳиза ва маслиҳатҳои пуркимати худро додаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Дар хотима ба рафиқи мӯҳтарам, профессор Баҳоваддинов А. М., ки барои беҳтар намудани мазмуни китоби мазкур борҳо маслиҳатҳои қиматбаҳо додааст, инчунин ба номзади фанҳои философӣ Раҷабов М., доктори фанҳои педагогӣ Ярошевский М. Г., номзади фанҳои филологӣ Арзуманов С. Ҷ. ва дигар рафиқони ҳамкасб, ки дастновиси ин китобро хонда фикру мулоҳизаҳои пуркимат гуфтаанд, ташаккур ва миннатдорӣ изҳор менамоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё