Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ I. ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ВА МАҶМӮИ
МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ ОН
Хонандагони азиз! Солҳои аввали таҳсил дар тамоми донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон дар факултетҳои гуногун ба фарзандони миллат иқтисодиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқамонро дар тӯли 74 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва даҳ соли Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол меомӯзонанд. Мақсад аз он аст, ки омӯзиши иқтисодиёти соҳаҳои алоҳида оҳиста-оҳиста ҷаҳонбинии насли имрӯзаро васеъ намуда, талаботи онҳоро барои омӯхтани иқтисодиёти давлатҳои ҳамсоя ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти ҷаҳон афзун менамояд. Ин умуман мақсаду мароми инсон аст ва ҳар як фарди миллати тоҷикро ба он водор менамояд, ки таърихи ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонро омӯхта, аз дастовардҳои мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон огоҳ шуда, кӯшиш ба ҳарҷ диҳад, ки саҳми худро дар бунёд ва равнақу ривоҷ ёфтани иқтисодиёти ватани худ гузорад.
Инак, мо ба омӯзиши фанни махсусе, ки дар бунёди он олимони бузурги ҷаҳон (А. Смит, Д. Рикардо, В. Леонтев, Д. Кейнс, А. Маршалл, Ҷ.Б. Кларк, П. Самуэлсон, Ҷ. Гэлбрейт, А.М. Румянцев, Г.А. Абалкин, Г.А. Арбатов, О.Г. Богомолов, С.С. Шаталин, А.С. Булатов ва ғайра) аз нимаи дуюми асри XIX сар карда, то даврони мо саҳми босазои худро гузоштаанд, шурӯъ менамоем.
§1.1. Мафҳум, моҳият ва категорияҳои иқтисодиёти ҷаҳон
Иқтисодиёти ҷаҳон гуфта, мо пеш аз ҳама, маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии кулли давлатҳои ҷаҳонро дар назар дорем, ки дар натиҷаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба онҳо бо мурури замон ба якдигар наздик шуда, ба тараққиёти иқтисоди ҷаҳони имрӯза мусоидат намудаанд.
Мафҳуми иқтисодиёти ҷаҳонро олимони имрӯзаи машҳури
иқтисодшинос бо тарзи худ шарҳ медиҳанд. Масалан, доктори илмҳои иқтисод, профессор А.С. Булатов дар китоби худ "Иқтисодиёти ҷаҳон" мафҳуми иқтисодиёти ҷаҳонро бо ду тарз - васеъ ва фишурда шарҳ медиҳад. Дар мафҳуми васеъи иқтисодиёти ҷаҳон А.С. Булатов маҷмӯи иқтисодиёти миллии давлатҳои ҷаҳон ва дар мафҳуми фишурда бошад, соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллии давлатҳои ҷаҳон, ки дар муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ (ҷаҳонӣ) иштирок менамоянд, ифода намудааст. Ин ду тарзи ифодаи иқтисодиёти ҷаҳон содда, вале дар асл мазмуни хеле чуқури илмӣ ва дурбинона доранд.
Таҳлилҳои мураккаби солҳои охир аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари иқтисодии ҷаҳонӣ, ба монанди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС), Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Конференсияи СММ оид ба Савдо ва Тараққиёт (ЮНКТАД) доирнамуда дар ҳақиқат нишон доданд, ки бо вуҷуди пешрафти бузурги илмию техникӣ дар рӯзҳои аввали асри XXI аксарияти давлатҳои дунё дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ (яъне бозори ҷаҳонӣ) бо номгӯи хеле маҳдуди мол ва ашёи хом ва ё таҷҳизоти техникии истеҳсоли худ иштирок менамоянд халос, ки ин дар асл тасдиқи назарияи фишурда будани иқтисодиёти ҷаҳонро баръало нишон медиҳад. Аммо бо пешрафти илмию техникии ҷаҳон ҳаҷм ва номгӯи молҳои истеҳсоли давлатҳои алоҳида зиёд шуда, аз як тараф, боиси сол аз сол ба бозори ҷаҳонӣ ворид шудани онҳо ва аз тарафи дигар, авҷгирии махсусгардонии истеҳсолот, вобастагии истеҳсолоти давлатҳои алоҳида аз иқтисодиёти ҷаҳонӣ мегардад.
Аз гуфтаҳои боло аён мегардад, ки иқтисодиёти ҷаҳон сохтори мураккабе буда, бо ҳаракати сол аз сол вусъатгирандаи мол, хадамот ва захираҳои иқтисодӣ давлатҳои алоҳидаи ҷаҳонро бо ҳам пайваст намуда, муносибатҳои нави иқтисодии байналмилалиро дар шакли зерин пешкаш менамояд:
• тиҷорати байналмилалии мол ва хадамот;
• ҳаракати байналмилалии сармоя;
• ҳаракати байналмилалии қувваи корӣ;
• таҳвили байналмилалии технология;
• муносибатҳои ҳисобию асъорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё