Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
фаъолият менамоянд. ИМА яке аз давлатҳои калонтарини содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба шумораи мераванд. Ҳаҷми умумии содироти солонаи маҳсулоти кишоварзии ин давлат 42-50 млрд. долларро ташкил мекунад.
Баъд аз ғалабаи намояндагони Ҳизби демократии ИМА дар интихоботи соли 1992 Б. Клинтон президент интихоб гардид. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ самти иқтисодии ҳукумати Клинтон ба ҳавасмандгардонии протсесси сармоягузорӣ барои беҳдошти иқтисодиёти мамлакат равона карда мешуд. Дар баробари ин дар натиҷаи чораҷӯҳои зиёд, аз соли 1998 сар карда, бартарии қисми даромади буҷет нисбат ба хароҷоти он, ки дар илми иқтисоди имрӯза профитсити буҷет номида мешавад, ба даст оварда шуд. Даромади федералӣ дар як сол зиёда аз 150 млрд. долларро ташкил менамуд. Мувофиқи пешбинии иқтисодчиёни ин давлат дар даҳсолаи аввали асри XXI ҳаҷми афзоиши бартарии қисми даромади буҷет аз 800 млрд. то 1,92 трлн. доллар зиёд мешавад.
Солҳои 1941-45, вақте ки тамоми давлатҳои Европаи Ғарбӣ ва Шарқиро Ҷанги дуюми ҷаҳон фаро гирифта буд, роҳбарияти ИМА оромии кишвари худро истифода бурда, барномаи ҳарчи тезтар ба охир расонидани саноатикунонии мамлакатро амалӣ намуд ва қудрату тавоноии кишвари худро дар миқёси ҷаҳон афзун гардонд.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон истеҳсолоти саноатии ИМА, агар ду маротиба зиёд шуда бошад, пас даромади софи корпорасияҳо сечанд зиёд шуд. Баъзе соҳаҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла истеҳсоли алюминий 6 маротиба, истеҳсоли ҳавопаймоҳо 16 маротиба, истеҳсоли каучуки синтетикӣ 400 маротиба афзуд.
Чунин тараққиёти босуръати соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ШМА дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ба он оварда расонд, ки дар он кишвар дар натиҷаи тиҷорати босуръат захираи асосии тиллои ҷаҳон гирд оварда шуд ва аз се ду ҳиссаи маҳсулоти саноати ҷаҳон истеҳсол мегардид. Аммо бар хилофи Америка кулли давлатҳои Европа ба харобазор табдил ёфта буданд. Соҳаҳои чи саноати вазнин ва чи саноати сабук дар ҳолате қарор доштанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо миқдори ночизеро ташкил менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор