Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

ҳамчун дахолат ба корҳои дохилии мамлакатҳои Европа, ба ду қисм ҷудо шудани Германия ва ба ду гурӯҳи давлатҳои ба ҳам зид тақсим гардидани Европа арзёбӣ намуд. Ӯро намояндагони давлатҳои Албания, Булғория, Белгия, Венгрия, Югославия, Руминия, Полша ва Финляндия дастгирӣ намуда, барномаи Маршаллро маҳкум карданд.

Моҳи июни соли 1947 дар конференсияе, ки дар Париж бо иштироки намояндагони 16 давлати Европа баргузор гашт, барои амалӣ шудани нақшаи Маршалл Кумитаи европоии ҳамкории иқтисодӣ созмон дода шуд.

Кумитаи навбунёд дар асоси омӯзиши ҳисоботи давлатҳои аъзо, ки дар он ҳолати иқтисодиёт, захираҳои мавҷудаи асъорӣ, ҳаҷми харобаҳои баъди ҷанг муфассал шарҳ дода шуда буданд, тамоми талаботро ҷамъбаст намуда, пешниҳоди худро оид ба тақсим намудани 29 миллиард доллари американӣ ба Ҳукумати ШМА супорид.

Моҳи апрели соли 1948 конгресси ШМА дар бораи кӯмак ба давлатҳои хориҷӣ қонун қабул намуд, ки барои пурра амалӣ намудани барномаи Маршалл заминаи ҳуқуқӣ буд. Кӯмаки иқтисодӣ бояд дар асоси риоя намудани шартҳои махсус, аз ҷумла, имзои созишномаи дуҷониба, ки талабу дархостҳои зеринро пешбинӣ менамуд, расонида мешуд:

  1. Пурра даст кашидан аз милликунонии корхонаҳои саноатӣ;

  2. Муҳайё намудани озодии пурра ба соҳибкорони хусусӣ.

  3. Пешгирӣ намудани тараққиёти соҳаҳои саноате, ки дар оянда метавонанд бо соҳаҳои саноати ШМА рақобат кунанд.

  4. Аз тарафи кулли давлатҳои Европа яктарафа паст намудани андозҳои гумрукӣ ва бардоштани тамоми монеаҳо аз роҳи воридоти молҳои истеҳсоли американӣ.

  5. Комилан қатъ намудани робитаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла тиҷорат бо кулли давлатҳои сотсиалистӣ.

Дар асоси чунин шартҳо дар муддати чор сол 1948-1951 ШМА ба давлатҳои Европа 17 миллиард доллари ШМА кӯмак расонид. Зиёда аз се ду ҳиссаи ин маблағ ба Британияи Кабир, Франция, Италия ва Германияи Федеративӣ равона шуда буд.

пешина
аз 785
навбатӣ