Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
гардид. Бояд таъкид намуд, ки барои қудратнокшавии Европа ва Япония худи ШМА сабаб шуд. Барои ҳарчи бештар дастгирӣ намудани бозори ҷаҳонӣ ШМА кулли давлатҳои Европаи Ғарбӣ ва Японияро бо асбобу олоти техникӣ ва таҷҳизоти лозима таъмин намуда, дар ин маврид кӯмакҳои худро дарег надошт. Чунин вазъият барои ШМА оҳиста-оҳиста дар бозори ҷаҳонӣ рақибони нави хеле пуриқтидорро ба майдон овард, ки боиси пастшавии суръати тараққиёти баъзе соҳаҳои саноат гардид.
Дар баробари ин раванди беқурбшавии пул, ки ҳама давлатҳои Европаро фаро гирифт, садди роҳи пешрафти иқтисодиёти Америка мегардид.
Тӯл кашидани ҷанги ШМА бо Ветнам раванди беқурбшавии пулро боз ҳам вусъат дод. Миллати Америка аз ҳарҷоти бемаънӣ ва аз даст додани беҳтарин фарзандони худ ба изтироб омада, талаб мекард, ки сиёсати ШМА тағйир дода шавад ва асоси онро бояд муттаҳидии бизнеси калон бо сиёсати давлатҳои пуркудрат ташкил диҳад.
Вазъияти бамаломада як давра Ҳукумати ШМА-ро аз масъалаҳои татбиқи назарияҳои пешқадам оид ба таъмини пешрафти истеҳсолот дур карда буд.
Давлатҳои Европаи Ғарбӣ, Япония, Франция, Германияи Ғарбӣ бо ихтирооти техникии худ ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум машғул гардида, бозорҳои ҷаҳонро аз худ менамуданд. Солҳои 70-80-ум ШМА оқибмонии саноати худро нисбат ба дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон эҳсос намуд.
Барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин қафомонӣ соли 1980 таҳти шиори технологияи нав барои индустриализатсия "Барномаи нави иқтисодӣ" қабул карда шуд, ки мувофиқи он бо олотҳои нави техникӣ иваз намудани таҷҳизот ва пурра аз нав барқарор намудани истеҳсолот пешбинӣ шуда буд.
Барои амалӣ гардидани ин барнома татбиқи вазифаҳои зерин дар назар дошта шуд:
• ҷамъ намудани сармоя;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор