Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Назарияи иқтисодиёти мамлакатро дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ аз қафомонӣ баровард ва он ба суръати мӯътадили тараққиёти худ муваффақ шуд.

§13.4. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи
Америка

Робитаҳои бевоситаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШМА аз 12 феврали соли 1992, аз рӯзи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар шурӯъ шуданд. 16 марти соли 1992 ШМА дар шаҳри Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд, ки яке аз аввалин сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд.
Ҳукумати ШМА яке аз дипломатҳои ботаҷрибаи давлати худ ҷаноби Стенли Эскудероро сафир таъин намуд. Ӯ дар густариши робитаҳои ҳамаҷонибаи ду давлат, бунёди корхонаҳои муштарак, расонидани кӯмакҳои башардӯстона саҳми бузурги худро гузоштааст.

ШМА ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, ба истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон мусоидат карданд. Дар он солҳо самтҳои асосии кӯмакҳои ШМА, ба ақидаи мо, дастгирии пешрафти дигаргунсозиҳои демократӣ, бунёди иқтисоди озоди бозорӣ, мусоидат ба пойдории сулҳ, мусоидат ба Тоҷикистон дар раванди ҳамгироӣ бо дигар кишварҳои минтақа ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Моҳи июни соли 1992 аввалин ҳайат таҳти сарварии
Президенти Корпоратсияи сармоягузории хусусии ШМА
"ОПИК" вориди Душанбе гардид. Мақсад аз сафари роҳбари
чунин созмони бонуфуз ва дар ҷаҳон машҳур дар баробари бо
роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон шиносӣ пайдо
кардан, омӯхтани муҳити иқтисодии ҷумҳурӣ ва дар асоси
меъёрҳои дар тӯли зиёда аз 70 соли фаъолияти худ дар бобати
ҳифзи сармояи сармоягузорон таҳиянамуда ба имзо расонидани

пешина
аз 785
навбатӣ