Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ромингер тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ ҳаллу фасл намуданд. Тарафи американӣ омодагии худро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладона изҳор намуд. Муовини вазири кишоварзии ШМА Ричард Ромингер инчунин омодагии давлатии худро дар хусуси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристондани 5 ҳазор тонна ғалладонаи сифати олии тухмӣ изҳор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Э. Ш. Раҳмонов бо Президенти "Эксим-Банк"-и ШМА Хармон бароҳмонии робитаҳо бо сохтори иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон ҳаллу фасли худро ёфт.

Ҷаноби Хармон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов иттилоот дод, ки мувофиқи супориши Президенти ШМА Б. Клинтон "Эксим-банк" барномаи кӯмакҳои молиявии худро барои ҷумҳуриҳои тозаистиқлол, аз ҷумла барои Тоҷикистон омода намуда истодааст.

2 октябри соли 1997 Э. Ш. Раҳмонов бо муовини Котиби Давлатии ШМА ҷаноби Стив Состанович ва ёрдамчии махсуси Президенти ШМА оид ба расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ба давлатҳои нави соҳибистиқлол ҷаноби Дик Морнингстар вохӯрӣ намуда, ҷиҳати дар ояндаи наздик вусъатдиҳии масъалаҳои бароҳмонии ҳамкории муфиди дуҷонибаро ҳаллу фасл намуданд. Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо Котиби Давлатии ШМА Мадлен Олбрайт вохӯрӣ намуд. Котиби Давлатии ШМА имзошавии созишномаи сулҳи Тоҷикистон ва нақши шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳои баланд дода, барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат ва тезонидани истифодаи шароитҳои мавҷуда ва мусоиди ин ду давлат изҳори ақида кард.

Аз солҳои нахустини ҳамкорӣ бунёди босуръати корхонаҳои муштарак оғоз гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро корхонаҳои муштараки "Интерфюр", "Сано", "ГБН - Корпорейшн", "Оли Ориент", "Хуҷанд Коттон ЛТД", намояндагиҳои ширкати америкоии "Раф Фюр Дрессинг ИНК", "Люкс", "Зафаробод", Иттиҳодияи таҷрибавии захираҳои

пешина
аз 785
навбатӣ