Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷаҳон", "давлатҳои аз зери асорати мустамлика озодшуда" ва "давлатҳои сусттараққинамуда" истифода бурда мешуданд.

Солҳои 80-ум иқтисодшиносон вазъи иқтисодии давлатҳои ҷаҳонро баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон муайян намуда, нисбати кулли давлатҳои имрӯзаи рӯ ба инкишоф мафҳуми "ҷаҳони сеюм"-ро низ истифода мебурданд.

Иқтисодшиносони машҳури англис Стенли Фишер, Рудигер Дорнбуш, Ричард Шмалензи дар китоби "Экономикс" солҳои охир мафҳуми нав "Марказ - ғайримарказ"-ро истифода мебурданд. Дар натиҷаи тадқиқоти иқтисодиёти ҷаҳони даҳсолаҳои охири асри XX онҳо ба хулосае омаданд, ки бе кӯмаки марказ, яъне давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон, дараҷаи пасти истеҳсолот ва сатҳи зиндагии мардуми ғайримарказ, яъне давлатҳои қафомондаи ҷаҳон, боз садсолаҳо дар ҳамин ҳолат мемонад.

Бо вуҷуди истифодаи мафҳумҳои мухталиф, солҳои охир ташкилотҳои ҷаҳонӣ бештар мафҳуми "давлатҳои рӯ ба инкишоф"-ро ҳамчун мафҳуме, ки тамоми нозукиҳои ин гурӯҳи давлатҳоро ба назар мегиранд, мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҳамин тариқ, таърихи давлатҳои рӯ ба инкишоф аз солҳои баъдиҷангӣ (1941-45) ба қайд гирифта мешавад. Бо вуҷуди дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок накардани бисёр давлатҳо таъсири он ба тамоми дунё расида буд. Давлатҳои мустамлика вобастагии мустамликадорони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда, ба муборизаи озодихоҳона бархестанд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар муддати 20 сол (1943-1963) дар натиҷаи ин муборизаҳо 51 давлати ҷаҳон бо 988 млн. нафар аҳолӣ, ки ҳудуди умумии онҳо 30,2 млн. метри мураббаъро ташкил менамуд, аз зери зулми мустамликадорон озод карда шуданд. Солҳои баъдӣ худи ҷаҳони капиталистӣ дарк намуд, ки бояд ба ҷои системаи асрҳо вуҷуддоштаи истисмори аҳолии ин давлатҳо сиёсати нав, сиёсати ҳамкориҳои иқтисодиро пеш гирад. Дере нагузашта, ин иқдоми нек натиҷаҳои хеле хуб дод. Масалан, агар Британияи Кабир соли 1947 тавассути гуфтушунид ба Ҳиндустону Покистон озодӣ намедод, онҳо ба таври зӯрӣ ва муборизаҳои озодихоҳона ба истиқлолият соҳиб мешуданд ва дар

пешина
аз 785
навбатӣ