Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Чунин ҳолат оҳиста-оҳиста ба кам шудани ҳаҷми умумии содироти мол ва баръакс, ба сол аз сол афзудани ҳаҷми воридоти мол оварда расонид. Авҷгирии тафовути байни содирот ва воридот дере нагузашта, боиси боз ҳам бештар ба давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон вобаста шудани онҳо гардид. Ҳаҷми умумии қарзи давлатҳои рӯ ба инкишоф соли 1998 ба 1,7 трлн. доллари ШМА расид.
Хулоса, сиёсати пешгирифтаи давлатҳои рӯ ба инкишоф дар бобати такя ба захираҳои дохилӣ, бароҳмонӣ ва таъмини пешрафти истеҳсолоти ватанӣ, сиёсати сахти протекционизм ва дар бисёр давлатҳо афзудани мавқеи давлат, паст гардидани нуфузи моликияти хусусӣ, солҳои баъдӣ натиҷаҳои дилхоҳ надода, бештари давлатҳои рӯ ба инкишофро вобастаи ҷаҳони капиталистӣ гардонд.
Дере нагузашта, чунин ҷараён давлатҳои рӯ ба инкишофро маҷбур сохт, ки сиёсати хориҷии худро дигар намуда, бевосита бо давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон додугирифт намоянд. (Дар бораи ин ҷараён дар бобҳои оянда иттилооти муфассал медиҳем).
Бояд таъкид кард, ки аз байни давлатҳои рӯ ба инкишоф якчанд давлат бо вуҷуди надоштани шароити зарурӣ барои истифодаи ин ду модели дар боло зикргардида, ба муваффақият ноил шуданд.
Бо афзоиши нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, захираҳои дигари энергетикӣ ва маводи аввалии истеҳсолот солҳои 1973-74 якбора давлатҳои интиқолкунандаи нафт (Арабистони Саудӣ, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Уммон ва ғайра) беҳад бой шуда, сатҳи баланди зиндагии аҳолии худро таъмин намуданд.
Ҳамин тариқ, дараҷаи гуногуни пешрафти иқтисодии давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳонро ба назар гирифта, олимони иқтисоддони ҷаҳон барои осон шудани омӯзиши иқтисоди ин давлатҳо, онҳоро ба се гурӯҳ тақсим карданд.
Тамоми давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки бо номгӯи молҳои мураккаб ва ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба нишондиҳандаҳои давлатҳои дар охири номгӯи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор