Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

ҷиҳати ҳалли онҳо ба мақомоти иҷроияи ШҲГ муроҷиат карда, маслиҳат пурсад.

Ҷиҳати муҳими дигари дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳамкории гумрукӣ тарбияи кадрҳои гумрук ва такмили маълумоти касбии онҳо дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ мебошад.

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо иштироки бевоситаи мақомоти дахлдори Шӯрои ҳамкории гумрукӣ аз таҷрибаи хадамоти гумрукии хориҷӣ истифода намояд.

Мутобиқи пешниҳоди Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии мо ба як қатор конвенсияҳои зерин ҳамроҳ шуд:

Конвенсия дар бораи воридоти муваққатӣ, ки 26 июни соли 1996 дар Истамбул қабул шудааст ва замимаҳои А, В-1, В-2, В-3, В-5 ба он;

Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи мусоидати мутақобилаи маъмурӣ дар кори пешгирӣ, тафтишот ва қатъи қонуншиканиҳои гумрукӣ, ки 9 июли соли 1977 дар Найроби қабул гардидааст ва Замимаи X дар бораи мусоидат дар фаъолияти зидди қочоқи маводи нашъаовар ва мадҳушкунанда;

Конвенсияи ягона дар бораи воситаҳои нашъаовар, ки 30 марти соли 1961 дар Вена қабул шудааст, бо ислоҳоте, ки ба он мутобиқи протоколи соли 1972 ворид карда шудаанд;

Конвенсия дар бораи маводи мадҳушкунанда, ки 2 феврали соли 1971 дар Вена қабул шудааст.

Конвенсияҳои мазкур механизмҳои мубориза ба муқобили фаъолияти байналхалқии ғайриқонунии марбут ба маводи нашъаовару мадҳушкунандаро ташаккул дода, ба соҳаи шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи назорати ин мавод муқаррароти мушаххасро дар хусуси мубориза алайҳи ташкилотҳои ҷиноятӣ дохил намуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ