Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Яке аз давраҳои дараҷаи баланди ташаккули қурби тағйирёбандаи асъор соли 1979 - соли имзои созишнома оид ба бунёди Системаи асъории аврупоӣ (САЕ) ба шумори меравад. Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар «хазина»-и асъори умумӣ асъори тамоми давлатҳои Аврупоро муттаҳид намуда, мувофиқи ҳиссаи иштироки ҳар давлат воҳиди нав - ЭКЮ-ро ба сифати воҳиди ягонаи ҳисоббаробаркунии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо қабул намуданд.
ЭКЮ дар пешрафти иқтисодии тамоми давлатҳои Аврупо саҳми бағоят бузурге гузоштааст. Тамоми амалиёти тиҷоративу иқтисодии байнидавлатӣ бо он ба анҷом расонида мешуд. Чунин амал ба давлатҳои алоҳидаи Аврупо шароити истифодаи пурраи асъори миллии худро дар дохили мамлакат муҳайё намуда, вобастагии иқтисодиёти мамлакатро аз асъори давлатҳои дигар пурра аз байн бардошт. Даҳсолаҳои охири асри XX ҳатто аз кулли бозорҳои Аврупо қисман маҳдуд кардани доллари ШМА баръало мушоҳида карда мешуд. Аммо бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди хизматҳои шоёни ЭКЮ дар пешрафти иқтисодиёти давлатҳои Аврупо онҳо доимо дар фикри такмилдиҳии қурби тағйирёбандаи асъор буданд. Аз соли 1998 сар карда дар Аврупо давраи нави ҳамгироии асъориву молиявии давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид.
Бо қарори махсуси Иттиҳоди Аврупо ва раъйпурсии умумихалқӣ тамоми давлатҳои Аврупо соли 1998 ба татбиқи сиёсати нави пулию қарзӣ, ки дар бунёди бонки ягонаи марказӣ ва ба муомилот баровардани асъори ягона - евро таҷассум ёфта буд, гузаштанд.
Дар муддати хеле кӯтоҳ ташкилоти европоии асъор бунёд карда шуд, ки он фаъолияти тамоми бонкҳои дар Европа амалкунандаро тағйир дод. Дар баробари ин барои мутамарказонидани фаъолияти бонкӣ системаи бонки европой таъсис дода шуд, ки Бонки марказии Европа ва 11 бонки марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа ба сохтори он дохил шуда, сиёсати ягонаи пулию қарзиро дар кулли фазои ягонаи Европа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор