Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо, объектҳои энергетикӣ, иншоотҳои обёрӣ, барҳам додани оқибатҳои офатҳои табиӣ, таҷдид ва сохтмони иловагии мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ, ислоҳоти кӯмакҳои тиббӣ-санитарӣ, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳи камбизоати аҳолӣ татбиқ карда шудааст.

Дар аввали соли 2001 ҷамъи маблағи қарзҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигаргунисозии сохторӣ ва дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ пешбининамудаи Бонки умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама 18,7% барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, 18,6% барои таъмини дигаргунисозии сохторӣ, 10,8% барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, 16% барои аз нав барқароркунии инфраструктураи соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии гузаронидани маъракаи хусусигардонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, 8% барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра равона карда шудааст.

Дар нимаи дуюми соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар лоиҳаҳои дар боло зикргардида, фаъолияташро оид ба иҷрои ду лоиҳаи дигари Бонки умумиҷаҳонӣ шурӯъ кард:

• қарз барои таъмини пешрафти инфраструктураи деҳот дар ҳаҷми 14,9 млн. СДР (18,77 млн. доллари ШМА);

• қарз барои лоиҳаи омӯзиши дараҷаи хатарнокии кӯли Сарез дар ҳаҷми 0,4 млн. СДР (0,5 млн. доллари ШМА).

Қарзҳои Бонки умумиҷаҳонӣ қарзҳои имтиёзнок ба шумор рафта, ба Тоҷикистон ба мӯҳлати 40 сол дода шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ин қарзҳо ба Бонки умумиҷаҳонӣ барои хизматрасонӣ аз ҳаҷми умумии қарзҳо ҳамагӣ 0,75%-и солона дар шакли пардохти фоизӣ медиҳад. Баргардонидани қарз бошад, мувофиқи созишномаҳои имзошуда баъд аз 10 соли истифода дар ҳаҷми 1-2% додани пардохтҳои иловагии солона шурӯъ мешавад. То 1 июли соли 2001 аз маблағи умумии қарзҳо 140,1 млн. доллари ШМА аз худ карда шудааст. Бояд ёдовар шавем, ки қарзҳои додашуда маблағи 5-тои онҳо пурра аз худ карда шуда, мувофиқи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2001 ба баргардонидани онҳо оғоз намуд. Бо вуҷуди шароити вазнини молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо

пешина
аз 785
навбатӣ