Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бонкӣ тасдиқ намуд. Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ барои рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур дониста шуд. Дар ин ҷаласа бо назардошти натиҷаҳои соли 1999, ки дар он сатҳи ММД баробари 290 доллари ШМА-ро ташкил менамуд ва зиёда аз 80% аҳолие, ки дар сатҳи камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, махсусан қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба камбағалтарини давлатҳои ҷаҳон дохил мегардад. Ҳайати Тоҷикистон ба донорҳо аз ҷараёни таҳияи Стратегияи мубориза бо камбизоатӣ иттилоот дод. Дар назар дошта шудааст, ки раванди Стратегияи мубориза бо камбизоатӣ ба стратегияе мубаддал хоҳад гашт, ки дар заминаи афзалиятҳои қиёсии Тоҷикистон дар кишоварзӣ ва захираҳои фаровони қувваи корӣ ба рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Тирамоҳи соли 2001 ба таври расмӣ маъқул дониста шудани Стратегияи мубориза бо камбизоатӣ дар назар аст. Дар ҷараёни мулоқот сатҳи баланди ҳамкорӣ байни донорҳои асосии дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба дастгирии раванди таҳияи Стратегияи мубориза бо камбизоатӣ бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд. Донорҳои дар мулоқот иштирок дошта омодагии худро ҷиҳати ба Тоҷикистон ҷудо намудани қариб 430 млн. доллари ШМА бо мақсади дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар солҳои 2001-2002 изҳор намуданд.

§16.4. Бонки ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ

Бонки ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ (БҲБ) соли 1930 бо мақсади содда ва осон намудани ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ дар шаҳри Базел (Швейтсария) бунёд гардида буд. Созмондиҳандагони аввалини ин бонк Британияи Кабир, Франция, Италия, Германия, Белгия, Япония ва гурӯҳи бонкҳои ШМА бо сарварии яке аз бонкдорони машҳури ШМА Морган ба шумори мераванд. Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон аҳамияти БҲБ яку якбора дучанд афзуд. Мувофиқи қарори байни давлатҳои ғолиб бар Германияи фашистӣ тамоми маблағҳои ҳисоббаробаркунии репатриатриатсионӣ ва қарзҳои ҳарбӣ бо иштироки фаъоли ин бонк

пешина
аз 785
навбатӣ