Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
аъзоёни худ паҳн намудан чоп мекард. Барои тамоми аъзоёни БЕТР вобаста ба мавқеи дар иқтисодиёти ҷаҳон ишғолнамудаашон барои харидани саҳмияҳо квотаҳо муайян шуда буданд. Бояд ёдовар шавем, ки аз давлатҳои навбунёд 40000 саҳмияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федерацияси Россия ҳамчун ба давлати ворис мерос монд. Чунин шароит ба Федерацияси Россия имкон дод, ки дар дастгоҳи роҳбарикунандаи Бонк (дар шӯрои директорон) - директори комилҳукуқи худро дошта бошад.
Мақоми роҳбарикунандаи БЕТР Шӯрои раисон ва Шӯрои директорон ба шумор мераванд. Кормандони масъули бонк дар Шӯрои раисон ва Шӯрои директорон мавқеи хосаеро ишғол намуда, дар ҳалли кулли масъалаҳои ҷорӣ аз номи роҳбарияти БЕТР баромад менамоянд.
Имрӯзҳо Шӯрои раисон дар ҳайати худ 118 аъзо (59 раис ва 59 муовини раис) дорад. Аъзоёни Бонк дар Шӯрои раисон аслан дар сатҳи вазири молия ва ё раиси бонки марказии давлатҳои аъзо ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бо саршавии соли нав дар вохӯрии навбатии аъзоёни бонк раиси Шӯрои раисон аз нав интихоб карда мешавад. Ба зиммаи Шӯрои директорон бошад, вазифаи омода сохтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба муайян намудани сиёсати БЕТР дар давраи маҳдуди корӣ, пешбинӣ намудани маблағҳои лозима барои давлатҳои ба иқтисодиёти бозорӣ рӯ оварда гузошта шудааст.
Президенти БЕТР-ро ҳар чор сол Шӯрои раисон интихоб намуда, барои пурра дар протсессҳои бонкӣ иштирок намудан ба ӯ ҳамзамон иҷрои вазифаи Раиси бонк ва дастгоҳи иҷроияи бонкро медиҳанд.
Мувофиқи Низомномаи Бонк Президент дар овоздиҳии вобаста ба ҳалли ин ва ё он масъала иштирок намекунад, лекин дар ҳолатҳои баробар ($50\times50$) тақсим шудани овозҳо овози Президенти Бонк дар ҳалли масъала ҳалкунанда мебошад. Дар тӯли 10 соли фаъолияти пурмаҳсулаш вазифа ва самтҳои асосии БЕТР пурра муайян шудаанд.
БЕТР дар миқёси ҷаҳон худро ба ҳайси созмони универсалие, ки самтҳои гуногуни иқтисодиро муттаҳид намуда, вазифаи ба 25 давлати ҷаҳон додани қарз ва дастгирии бахши хусусиро ба ӯҳда гирифтааст, муаррифӣ намуд. Фаъолияти асосии БЕТР пеш аз ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор