Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

овардани фазои мусоидтари сармоягузорӣ дар ҳар як кишвар мебошанд, ҳол он ки Тоҷикистон дорои иқтидори иқтисодии хориҷӣ ва имконияти рушди чунин бахшҳо ба монанди агробизнес, саноати маъдан, гидроэнергетика, туризм ва ғайра хеле муҳим аст.

Минбаъд баланд бардоштани амнияти парвозҳо чӣ дар қаламрав ва чӣ дар фазои Тоҷикистон БЕТР-ро ба зарурати расонидани кӯмаки фаврӣ дар таҷдиди таҷҳизоти аэронавигатсионӣ дар фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Душанбе водор месозад. Ин лоиҳа аз ҷиҳати иқтисодӣ барои дарёфти маблағҳои асъорӣ аз парвоз дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҷолиб ва муҳим аст. Арзиши умумии тахминии лоиҳа 7,5 млн. доллари ШМА ташкил хоҳад дод.

Лоиҳаҳои баимзорасидаи БЕТР то 31 декабри соли 2000 дар ҷадвали №48 нишон дода шудаанд.

Ҷадвали №48
Лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
(соли 2000, бо млн. евро)

Лоиҳа
Бахши иқтисодӣ
Арзиши умумӣ
Ҳаҷми маблағгузорӣ
Навъ

Ташаббуси Тоҷикистон
Институтҳои молиявӣ - Ориёнбанк
Молия
4,6
4,6
Кредит/иштирок дар сармоя

Хуҷанд, Пэкэджинг (борҷома)
Агробизнес
4,1
1,8
Кредит

Оби Зулол, заводи истеҳсоли оби нӯшокӣ дар шишаҳо
Агробизнес
13,2
5,3
Кредит/иштирок дар сармоя

"Тоҷиксодиротбонк" - иштирок дар сармояи бонк
Молия
0,5
0,2
Иштирок дар сармоя

Ҳамагӣ
22,3
11,9

Бахши ҷамъиятӣ
Фурудгоҳи Хуҷанд
Нақлиёт
5,9
3,2
Кредит

Ҷамъ
30,8
15,1

Ҳайати дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи БЕТР мақсад дорад, минбаъд масъалаҳои бештареро ҷиҳати рушди тиҷорати хурду миёна дар назди худ гузошта, онҳоро ҳал намояд. Ин майл бо шарофати устувории сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти кишвар Э. Раҳмонов пайдо гардидааст. Мулоқоти ба қарибӣ дар Токио баргузоргардидаи гурӯҳи машваратӣ

пешина
аз 785
навбатӣ