Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§16.7. Бонки Исломии Рушд ва ҳамкории он бо Тоҷикистон
Бонки Исломии Рушд (БИР) институти молиявии байналмилалӣ буда, мутобиқи Эъломияи интишорнамудаи Конференсияи Вазирони молияи кишварҳои аъзои Созмони Конференсияи исломӣ, ки 18 декабри соли 1973 дар Ҷидда (Арабистони Саудӣ) баргузор гардид, таъсис дода шудааст. Баъд аз ҷаласаи Шӯрои Раисон, ки моҳи июли соли 1975 баргузор гардида, Бонк 20 октябри соли 1975 фаъолияти худро расман оғоз намуд.
Мақсади Бонк - мусоидат ба рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоии кишварҳои аъзои Бонк ва шаҳрвандони мусулмони ҷаҳон мутобиқи усулҳои Шариат, яъне қонунҳои исломӣ аст.
Вазифаи Бонк аз он иборат аст, ки дар сармояи саҳомӣ ширкат варзида, бо пешниҳод намудани кредитҳо ва лоиҳаҳои истеҳсолӣ ба кишварҳои аъзои Бонк ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кӯмаки молиявӣ расонад. Илова ба Трасти Фондҳо, ба Бонк ҳамчунин зарур аст, ки барои мақсадҳои махсус фондҳои иҷтимоӣ таъсис диҳад ва идора намояд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба ҷомеаҳои исломӣ ба кишварҳои аъзои Бонк набуда низ фонд таъсис диҳад.
Бонк ваколатдор аст, амонатҳо қабул намояд ва захираҳои молиявиро бо усулҳои марбутаи маблағгузорӣ сафарбар созад. Бонк ҳамчунин барои расонидани кӯмак дар ҳавасмандгардонии савдои хориҷӣ, хусусан молҳои таъиноти истеҳсолӣ дар байни кишварҳои аъзои Бонк, расонидани кӯмаки техникӣ ба кишварҳои аъзои бонк, фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиш ба шахсоне, ки дар кишварҳои исломӣ мутобиқи Шариат ба кори таҷрибавию конструкторӣ машғуланд, масъул мебошад.
Ҳоло 53 давлати исломии қитъаҳои Осиё, Африка ва Европа аъзои БИР мебошанд. Шарти асосӣ барои узвият ба БИР ин аъзо шудан ба Ташкилоти Конференсияи Исломӣ ва қабули мӯҳлату шартҳои қабулнамудаи Шӯрои Раисон мебошад.
То 31 июни соли 1992 сармояи оинномавии Бонк 2 млн. динори исломиро ташкил дод. Аз моҳи июли соли 1992 мутобиқи Резолюсияи (қатьномаи) Шӯрои Раисон фонди оинномавӣ то 6 млрд. динори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор