Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Роҳи мошингарди Мурғоб-ағбаи Кулма Татбиқи ин лоиҳа дар асоси Созишномаи кредитии аз 21 ноябри соли 1999 баимзорасида аз 1 январи соли 2000 шурӯъ шуд. Маблағи умумии лоиҳа 13 млн. 980 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил менамояд, ки аз он 9 млн. 725 ҳазор доллари ШМА-ро БИР ва 4 млн. 255 ҳазор долларро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтанд.

  2. Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб (Шоҳон-Зигар) Дарозии роҳи мазкур 34,2 километрро ташкил намуда, барои пурра ба истифода додани он мувофиқи лоиҳа 35,2 млн. доллари ШМА пешбинӣ шудааст. Мувофиқи созишномаи баимзорасида ду фазаи аввали он ба маблағи 9,5 млн. доллари ШМА аз тарафи БИР ва фазаи сеюми он ба маблағи 11 млн. доллари ШМА аз тарафи Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб пардохта мешавад. Маблағи боқимондаи ин лоиҳаро дар ҳаҷми 5,2 млн. доллари ШМА Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.

  3. Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб (Зигар-Хостав-Шкеф) Лоиҳаи мазкур барои бунёд намудани 38 км роҳи мошингарди ҷавобгӯи меъёри байналмилалӣ ба маблағи 31,75 млн. доллари ШМА ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси гуфтушунидҳо Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб 16,25 млн. доллари ШМА, Хазинаи Арабистони Саудӣ 6 млн. доллари ШМА ва Хазинаи ОПЕК 4 млн. доллари ШМА ин лоиҳаро ба зиммаи худ гирифтанд. Маблағи боқимонда ба миқдори 5,5 млн. доллари ШМА аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ карда мешавад. Барои татбиқи ин лоиҳа дар нимаи дуюми соли 2001 тамоми ҳуҷҷатҳои лозима аз тарафи роҳбарияти БИР тасдиқ карда шуданд. 9 январи соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб оиди ҷудо намудани маблағҳои пешбинишуда Созишнома дар ҳаҷми 16,25 млн. доллар ба имзо расонида шуд. 1 июни соли 2001 дар рафти сафари Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Д. Созишномаҳои кредитии навбатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб дар ҳаҷми 11 млн. доллар ба имзо расиданд.

пешина
аз 785
навбатӣ