Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар рафти сафари худ Президенти БИР доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ баъд аз мулоқотҳои зиёд бо роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани кӯмакҳои иқтисодӣ, иштирок намудан дар бозсозиҳои иқтисодӣ ташкили мизи мудавварро бо иштироки Хазинаи Рушди Саудӣ, Хазинаи Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Араб, Хазинаи ОПЕК, Хазинаи БАДЕА Рушди иқтисоди Африка, Хазинаи Кувайтӣ ва Хазинаи Абузабиро дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Меморандуми ҳусни тафоҳуми мизи мудаввари байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Хазинаҳои Араб, Хазинаи Саудии Инкишоф, Хазинаи Кувайт, Хазинаи ОПЕК ва Бонки Исломии Рушд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда моҳи июни соли 2000 бо даъвати Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов намояндагони Хазинаи Саудии Инкишоф, Хазинаи Кувайтии Инкишофи Иқтисодии Араб, Хазинаи ОПЕК ва Бонки Исломии Рушд (Гурӯҳи ҳамоҳангсоз) аз Душанбе боздид намуданд ва бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани соҳаҳои имконпазири ҳамкорӣ ва омӯхтани имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои рушди ҷумҳурӣ мулоқоту музокирот доир намуданд.

Ҳайати Гурӯҳи ҳамоҳангсозро Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов самимона пазироӣ намуд. Президенти ҷумҳурӣ аҳамияти доир гардидани ин Мизи мудавварро, ки ба дигар донорҳо роҳ мекушояд, инчунин имкон медиҳад сармоягузорони байналмилалӣ ҷалб гарданд ва ба рушди иқтисод ва ҳамкорӣ мусоидат намояд, таъкид сохт. Ҳайат ӯҳдадориҳои худро нисбати муайян намудани лоиҳаҳои афзалиятдошта ҷиҳати маблағгузории имконпазири бахшҳои муҳимтарини иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд.

Мизи мудаввари байналмилалиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Оқилов О.Ғ. ба таври тантанавӣ ифтитоҳ намуда, Гурӯҳи ҳамоҳансозиро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт ва муносибатҳои деринаи таърихии Ҷумҳуриро бо Гурӯҳи

718

пешина
аз 785
навбатӣ