Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Фонди ОПЕК дар маблағгузории бахши нақлиётӣ дар ин сол изҳори омодагӣ намуд (сохтмони роҳҳои автомобилӣ). Фонд имкониятҳои дар солҳои минбаъда иштирок дар дигар бахшҳоро баррасӣ менамояд.
Гурӯҳи ҳамоҳангсоз нуктаҳои зеринро зикр намуд:
-
Барои баррасии маблағгузории лоиҳаҳо ба роҳбарияти Гурӯҳи ҳамоҳангсоз зарур аст, ҳуҷҷатҳои муфассали асоснокии техникию иқтисодиро таҳия намояд. Дар сурати мавҷуд набудани чунин асоснокиҳо, Бонки Исломии Рушд метавонад масъалаи ба Ҳукумати Тоҷикистон расонидани кӯмакро ҷиҳати таҳияи ин асоснокиҳо баррасӣ намояд.
-
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро якҷоя бо лоиҳа ба Хазинаи дахлдор расман пешниҳод мекунад.
-
Гурӯҳи ҳамоҳангсоз аҳамият ва зарурати ширкати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми марҳилаҳои иҷрои лоиҳаҳо, аз ҷумла, ҳангоми таҳияи нақшаи маблағгузорӣ таъкид намуд.
-
Хазинаи ОПЕК ва Бонки Исломии Рушд роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз майлу хоҳиши худ оид ба маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши хусусӣ тавассути механизмҳо ва институтҳо огоҳ намуданд.
-
Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ӯҳдадор шуд, ки Хазинаи Абузабиро аз натиҷаи Мизи мудаввари дар ш. Душанбе баргузоргашта пурра шинос менамояд.
-
Ширкаткунандагони мулоқот самаранокии робитаҳои мавҷуда ва майлу хоҳиши идома додани онҳоро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд ва устувор таъкид намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор