Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар натиҷа маблағи дотатсия бо назардошти ҷуброн соли 1995 дар Швейтсария 82%, Норвегия 75%, Япония 74%, Исландия 73%, Австрия 44%-ро ташкил намудааст. Дар Федератсияи Россия сатҳи субсидияи давлатӣ тахминан 8-9%-ро ташкил медиҳад.

Дар тӯли даҳ соли охир дар мамлакат бо мақсади танзим ва дастгирии давлатии соҳаи комплекси агросаноатӣ як силсила қонун ва қарорҳо қабул шудаанд, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд:
• Қонун "Дар бораи хусусигардонӣ";
• Қонун "Дар бораи замин";
• Қонун "Дар бораи сарватҳои табиӣ";
• Қонун "Дар бораи андози замин";
• Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реструктуризатсияи қарзи корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи кредитҳои бонкӣ";
• Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реструктуризатсияи қарзи субъектҳои хоҷагӣ".

Бахши кишоварзӣ имрӯз ҳам яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар он имрӯзҳо зиёда аз 70%-и аҳолии қобили кори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, 47%-и даромади миллии мамлакатро таъмин мекунанд. Аммо бояд қайд кард, ки бо вуҷуди ҳиссаи калони худ музди миёнаи кормандони он дар байни соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат дар сатҳи пасттарин аст. Масалан, агар моҳи ноябри соли 2000 музди миёна дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 16,44 сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соҳаи истеҳсолот 51,71, нақлиёт - 29,23, алоқа - 43,16, сохтмон - 39,67, дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ҳамагӣ 7,83 сомониро ташкил кард.

Сатҳи пасти даромад дар соҳаи кишоварзӣ аз як тараф ва истеҳсолоти начандон тараққинамудаи саноатӣ аз тарафи дигар, солҳои охир боиси афзудани шумораи аҳолии камбизоат дар ҷумҳурӣ гардидааст.

пешина
аз 785
навбатӣ