Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мусофиркашонии нақлиёти ҳавоӣ соли 2000 агар 178,5 ҳазор касро ташкил намуда бошад (106,2%), пас бо нақлиёти роҳи оҳан ин рақам 400,9 ҳазор мусофирро ташкил намуд, ки ин миқдор нисбат ба соли 1999- 38.2% кам мебошад.
Ҷадвали №51
Нишондиҳандаҳои ҳаҷми боркашонӣ
Соли 2000 | Фоиз соли 2000 | Соли 1999
ҳазор т | нисбат ба соли 1999 | нисбат ба соли 1998
Интиколи бор бо | 6427,6 | 90,6 | 88,1
назардошти | |
соҳибкорони хусусӣ | |
Интиколи бор бо | 3036,7 | 83,1 | 83,9
нақлиёти умумӣ | |
аз он ҷумла: | 2234,7 | 79,3 | 74,0
автомобилӣ | |
роҳи оҳан | 800,0 | 95,5 | 143,0
ҳавой | 1,99 | 94,3 | 53,0
Ҳаҷми боркашонӣ бо тамоми намудҳои нақлиёт соли 2000 бо назардошти ҳаҷми бори соҳибкорони хусусӣ 6427,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз ҳаҷми боркашонии соли 1999 9,4% кам буд. Дар баробари ин ҳаҷми боркашонии автомобилӣ, агар 20,7% паст фаромада бошад, пас боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан 4,5% ва бо нақлиёти ҳавой 5,7% кам шуд. (Ҷадвали №51) Боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилии истифодаи умум мутобиқан 33,4 млн. тонна/км ва 580,7 млн. мусофир/километрро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 1999 мутобиқан ба 30,4% ва 6,1% кам мебошад. Таҳлили нишондиҳандаҳои солонаи нақлиёт нишон дод, ки сабаби асосии сол аз сол паст фаромадани нишондиҳандаҳои нақлиёт, пеш аз ҳама, дар хусусигардонии воситаҳои нақлиёт ва аз ҳисоб баровардани онҳо мебошад. Соли 1999 шумораи тамоми намудҳои нақлиёти вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 76622 ададро ташкил медод (72080 адад мошин, 1290 мотосикл ва 3252 адад ядак). Дар баробари ин 161824 адад мошин, 52847 адад мотосикл ва 361 ядак ба номи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ аз соли 1991 инҷониб бо сабаби нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ шумораи зиёди онҳо таъмир нашуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор