Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ғайра таъмин карда мешуданд. Ҳамин тариқ, соли 2000 дар тӯли 76 сол дар кӯҳсортарин кишвари дунё - Тоҷикистон дарозии роҳи оҳан то 583 км расонида шуд.
Дар Тоҷикистон роҳҳои оҳани Душанбе-Орҷоникидзеобод (Кофарниҳони имрӯза), Душанбе-Варзоб, Душанбе-ноҳияи Ленин, Термез-Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа-Ёвон, Ғафуров-Хуҷанд, Ғафуров-Конибодом, Ғафуров-Нов ва Пролетар, хати роҳи оҳани тангбари Душанбе-Уялӣ-Қӯрғонтеппа сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии роҳҳои оҳани худ (583 км) баъд аз Қазоқистон (14,4 ҳазор км), Ӯзбекистон (3,5 ҳазор км) ва Туркманистон (2,15 ҳазор км) ҷойи чорумро ишғол менамояд.
Даҳсолаҳои охири асри XX бо вусъатгирии ҷараёнҳои нав дар муносибатҳои нави иқтисодии Тоҷикистон давлатҳои Осиёи Марказӣ
- Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон мавқеи хосаеро ишғол мекунанд. Бештари муомилот ва алоқаҳо бо истифодаи роҳи оҳан анҷом дода мешаванд.
Имрӯз Тоҷикистон бо истифодаи роҳҳои оҳани давлатҳои Осиёи Марказӣ аз тамоми гӯшаю канори дунё дастгоҳҳо, хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ, сӯзишворӣ, ғалла ворид намуда, дар навбати худ ба онҳо пахта, алюминий, пилла, матоҳои абрешимӣ, пӯсти қарокулӣ, мева, сабзавот, маъдан ва ғайра мефиристад.
Соли 1996 ба туфайли ба истифода додани роҳи оҳани Машҳад-Сарахс-Теҷен барои ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шароити истифодаи роҳи кӯтоҳтарини баромад ба бандарҳои баҳрӣ пайдо шуд.
13 майи соли 1996 дар шаҳри Машҳад (Эрон) кушодашавии тантананоки хати роҳи оҳан, ки дарозиаш 295 километрро ташкил менамуд, бо иштироки тамоми роҳбарони давлатҳои аъзои ЭКО баргузор гардид. Дар ин маъракаи муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов низ иштирок намуд. Ин қисмати начандон калони роҳи оҳан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо роҳи кӯтоҳтарин бо халиҷи Форс пайваст намуда, асоси дар ояндаи наздик равнақу ривоҷ ёфтани робитаҳои иқтисодии хориҷии онҳо мегардад.
Панҷ сол аст, ки бо истифода аз ин роҳ тоҷирони тоҷик ба Ҷумҳурии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор