Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намуда, дар як рӯз ба 100-150 мошинҳои калони боркаши хориҷӣ хизмат расонида метавонанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли 2000 боз 6 терминали дигар дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Исфара, Конибодом, ноҳияи Шаҳртуз сохта ба истифода дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи бештар ба ҳудуди кишвар ворид шудани мошинҳои боркаш ба тамоми давлатҳои манфиатдор робита ба роҳ мемонад. Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Эрон, Қирғизистон, Туркия, Қазоқистон дар бахши нақлиёти байналмилалии автомобилӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст.

Солҳои зиёд аст, ки дар Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи соҳаи мусофиркашонии автомобилӣ эътибори махсус дода мешавад. Дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон автобазаҳои махсусгардонидашудаи мусофиркашонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори махсуси худ барои равнақу ривоҷ додани соҳа ба шахсони алоҳида таҳти назорати бозрасии автомобилӣ иҷозати кашондани мусофиронро дода шудааст.

Дар ду шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе ва Хуҷанд солҳои дароз ба мусофирон хати барқии троллейбус хизмат мерасонад. Дарозии ин хат дар соли 2001 - 204 километрро ташкил менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар солҳои наздик ин иқдомро давом дода, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мусофирони шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода хати троллейбусро ба истифода диҳад.

Солҳои охир сафи автобусҳои мусофиркаши шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлобро 20 автобусҳои ҳозиразамони хитой, ки ба муносибати ҷашнгирии 1100 солагии Давлати Сомониён ба ҳукумати ш.Душанбе тақдим шуда буданд, оро медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи тайёрӣ ба ҷашни 10-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба нақша гирифтааст, ки миқдори муайяни автобус, мошинҳои сабукрави такси ворид намуда, ба ҳусни зебои диёрамон ҳусни тозае бахшад.

пешина
аз 785
навбатӣ