Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
106.2% иҷро намуда, ҳамагӣ ба 178500 нафар мусофирон хизмат расонидаанд.
Роҳбарияти Ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон солҳои охир бо кӯмаку дастгирии Бонки Европоии Таҷдид ва Рушд таъмири майдони ҳавоии ш. Душанберо ба охир расонида, онро ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ мутобиқ кунониданд. Имрӯз майдони ҳавоии ш. Душанбе дорандаи сертификати байналмилалӣ буда, ҳуқуқи қабул ва иҷозати парвози намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои калонтарини дунёро дорад. Иштироки сарварони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бо ҳавопаймоҳои ҳозиразамонашон дар аввали соли 2001 ба Душанбе омада буданд, худ гувоҳи гуфтаҳои болост. Имрӯз баъд аз таҷдид бинои хизматии майдони ҳавоии ш. Душанбе бо навовариҳои зиёд ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик шудааст.
Бояд ёдовар шавем, ки соли 1999 бо қувваи сохтмончиёни Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони ҳавоии ш. Кӯлоб низ пурра таҷдид карда шуд. Он бо дастгоҳҳои ҳозиразамони хизматрасонии ҳавопаймоҳо ва дастгоҳҳои рӯшноидиҳандаи ҳозиразамони системаи "ИДМАН" таҷҳизонида шудааст.
§17.5. Алоқа
Соҳаи алоқа дар ҳаёти имрӯза яке аз узвҳои ҳаётӣ ва рӯзмарраи мо шудааст. Ягон фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагию фаъолияти худро бе соҳаҳои такмилёфтаи алоқа (почта, телеграф, телефон, радиошунавоӣ, телевизион) тасаввур карда наметавонад. Тамоми соҳаҳои алоқа аз рӯи бунёд фаъолияти худро барои ҳарчӣ бештар баланд бардоштани хизматрасонии аҳолӣ, сарфа намудани вақти кории он, баланд бардоштани савияи дониш, шуурнокӣ ва маданияти миллат равона намудаанд.
Ба туфайли пешрафти илмию техникии давлати шӯравӣ аҳолии Тоҷикистон низ дар тӯли 74 сол аз тамоми дастовардҳои соҳаи алоқа пурсамар истифода мебурд.
Соли 1927 дар ш. Душанбе аввалин стансияи пахши ахборот ба истифода дода шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор