Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар баробари сармояи бевосита ва портфелӣ солҳои охир дар иқтисодиёти ҷаҳон тамоили устувори афзоиши ҷалби сармоя дар шакли ссуда (кӯмаки молиявии давлатӣ) нишон медиҳад. ки ягон давлати дунё ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозории мутараққӣ бе қарз ва истифода аз захираҳои молиявии ҷаҳон иқтисодиёташро ба роҳ монда наметавонад. Дар ҷаҳони имрӯза сармояи ссудавӣ, чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар сатҳи хусусӣ, дар асоси гуфтушуниди дуҷониба ва бисёрҷониба бо шартҳои имтиёзнок ва ё тиҷоратӣ ба роҳ монда шудааст. Сармояи ссудавӣ дар шакли: кӯмакҳои молиявии давлатӣ бо мақсади таъмини тараққиёт; қарз барои амалӣ намудани нақшаҳои сармоягузорӣ; кӯмакҳои техникӣ; қарзи содиротӣ, вомбаргҳо дода мешавад. Имрӯзҳо дар ҷаҳон қисми зиёди сармоягузории ссудавӣ ба ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, ба мисли ХБА. МАР. БЕТР. бонкҳои бузурги тиҷоратӣ, консорсиумҳои бонкӣ, хазинаҳои миллии ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои хориҷӣ рост меояд. Таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон дод, ки роҳбарияти давлатҳои тозаистиқлол ва рӯ ба инкишоф вобаста ба имтиёзҳо барои иқтисодиёти мамлакат мувофиқ (нисбат ба бонкҳои тиҷоратӣ фоизи кам, мӯҳлати истифодаи тӯлонӣ) бештари сармояи лозимаро аз тариқи созмонҳои дар боло зикргардида ҷалб менамоянд. Дар тӯли шаш соли охир 1995-2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мӯътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ таъмини пешрафти соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди мамлакат аз созмонҳои дар боло зикргардида зиёда аз 1 млрд. доллар қарз гирифтааст.

Аввалин қарзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа гирифтааст, қарзи Иттиҳоди Аврупо (ба маблағи 54.5 млн. экю) мебошад. Солҳои охир сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарз низ ба миқдори зиёд ҷалб карда шудааст.

Соли 1999 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда 889 млн. долларро ташкил намуд, ки аз он 697 млн. доллар қарзҳои дарозмуддат мебошанд (595 млн. он дар асоси кафолати давлатӣ гирифта шудааст, 102 млн. доллар сармояи хусусӣ ва 101 млн. доллар қарзи ХБА ташкил медиҳанд World Development Indicators, 2001, саҳ. 256).

пешина
аз 785
навбатӣ