РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
«Мо он (Қуръон)-ро, бе шак, дар шаби «Қадр» нозил намудем».2
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти
ин моҳ рўзаи онро бар мўъминон фарз гардонида, онро
бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст3 ва онро барои
бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои
биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дўзахро
(ба бузургдошти он) фурў баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати Ўро бар бандагонаш табоҳ
насозанд).4
1 Сураи Бақара, 2: 185.
2 Сураи Қадр, 97: 1.
3 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд:
«Рамазон саййиди моҳҳо ва ҷумъа саййиди рўзҳост». Мўъҷаму-л-кабир, 9000. – Ҷ. 9. – С. 205. Мусаннафи Абдурраззоқ, 7894. – Ҷ. 4. – С. 307. Мусаннафи Ибни Абўшайба, 2. – Ҷ. 2. – С. 57. Шуъабу-лимон, 3638. – Ҷ. 3. – С. 314. Байҳақӣ дар «Шуъабу-л-имон» онро мавқуф гуфтааст. Ҳадисро аз Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд.
Ҳадиси дигаре аз Абўсаъиди Худрӣ (р) ба ҳамин маъно ривоят шудааст, ки: «Рамазон саййиди моҳҳо ва зулҳиҷҷа муқаддастарини моҳҳо мебошанд». (Маҷмаъу-з-завоид, 4775. – Ҷ. 3. – С. 255; Шуъабу-лимон, 3755. – Ҷ. 3. – С. 355).
4 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд:
«Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дўзах баста гарданд ва шайтонҳо (ҷинҳо) дар занҷир афканда шаванд». (Саҳеҳи Бухорӣ, 1898, 3277. Саҳеҳи Муслим, 2492 (1079)-1.
Расули Худо (с) рўзе дар арафаи моҳи Рамазон фармуд: «Рамазон, ин моҳи баракат, бар шумо фаро расид, моҳе, ки Худованд шуморо дар он дар зери пўшиши навозишҳои Худ қарор медиҳад: Раҳматашро бар шумо фуруд меоварад, гуноҳонатонро фурў мерезад ва дуъоятонро иҷобат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё