Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Повести воқеии Раҳим Ҷалил «Маъвои дил» аз ҳиссаҳои хеле мароқангез аст. Муаллиф дар ин китоб анъанаҳои ёддоштнависии устод Айниро давом додааст. Китоб воқеоти давраи калонеро — аз ибтидои асри XX то рӯзҳои мо дар бар мегирад.
Дар китоби Раҳим Ҷалил тавсифи неслест, ки ҳама солҳо, ҳар рӯз, аз субҳ то шом ба хотири ғояҳои олии ҷамъияти нави социалистӣ барои маҳви бесаводӣ, тарғиби маърифат ва баҳри ғалабаи муносибатҳои нави одилонаи байни одамон ҷонбозӣ кардаанд. Образи ҷомеи ҳамин гуна одамони фидокори даврони советӣ дар повесть мавқеи муҳимро ишгол мекунад.
Баҳори соли бисту ду буд ё бисту се. Падарам бо таваллову зории ман ба ҷон омада, хари касеро талабида маро ба қафояш нишонда, ба сайри лолаи деҳаи Шайхони Хуҷанд мебурд. Мардуми аз сардиву рутубат, аз хонанишиниҳои зимистони дароз безоршудаи шаҳр, чи тавре ки мегуфтанд, хонакӯчу бӯръёпеч ба сайри лолаву гулгашти кӯҳу саҳро мебаромаданд. Бечора ҳам, бой ҳам, пир ҳам, ҷавон ҳам харакӣ, аспакӣ, аробаву фойтунсавор, ва аксар пиёда ба сӯи деҳа мерафтанд. Роҳи мобайни шаҳру Шайхон, ки ҳоло асфальтпӯшу ҳамвор аст ва дар пеши чархҳои мошина роҳест на аз ягон сӣ дақиқа дароз, он вақт пурҷанг, фарозу нишеб ва дар пеши пои хари бораш вазнин нимрӯзина буд.
Пагоҳӣ аз шаҳр баромадему азму ниятамон ин буд, ки дар лаби чӯи Қотма ном мавзеи воқеи тақрибан нимаи роҳ ба хар дам дода, худамон низ кӯфтагии савориро андак бароварда, гашти пешин ба сайргоҳ расем.
Ҳафтзагорахӯр ном хамупечи тали Рухакро, ки дар ҷанубии шаҳри Хуҷанд тӯл кашидааст, паймуда, боло мебаромадем. Бори харро сабук ва рафторашро тез карданӣ шуда, падар пиёда гардиду ман атрофу ҷонибро хубтар дидам. Хур-хур насим вазида баҳри дилро мекушод. Ба машом бӯи тунду тези шибоғу исфанди навхез мерасид. Гулҳои худруи кӯтоҳумр, вале зебои хоси баҳорон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё