Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чашмони чуқур нишондашуда ва нигоҳи айёрона дошт. Қиёфааш гӯё касро доим масхара мекарду писханд мезад.

— Ҳоли ҳамин тавр карда, ба шаҳр рафта будам гӯя?— аспакӣ гулӯ афшонда овози ғиҷирросие, ки садояш дари щахдамро ба ёд меовард, бароварда, бо лабханду тамасхур ба деҳқон нигарист. Аз афти кор, ин давоми гуфтугӯи ӯ буд.— Ҳайр, аз пули қаҳ камтар сарф карда, ба ошхонаи Мирбой даромади? Не? Ягон коса мастоваи Тӯхтакӯқнориро ҳам харида нахӯрди? Не? Ҳеҷ набошад, эй каллаварам, ягонто нони саидчӯлокӣ гирифта ба об-мӣ, чой-мӣ тар карда зади? Боз не?— аспакӣ чун номи таомро мегирифт, медидам, ки чашмонашро кушода-пӯшида аз таъму лаззати опҳо гӯё ҳузуру ҳаловат мекард.— Ин хел бошад, як бандаи дуои бади нафс гирифтаи худо будаию халос. Суп-сурх авлиё! Ба Хуҷанд рафта, пулат бошаду кабоби Мири ошпаз, мастоваи Тӯхтакӯқнорӣ, нони саидчӯлоқиро нахӯрда бошӣ, одам шуда куҷо меравӣ! — Ӯ боз чашмонашро пӯшида ин дафъа қоҳ-қоҳ хандид.

Аз таомҳои номбаркардаи аспакӣ кабоби Мири ошпазро ман чашида будам. Бинобар он, ногаҳон дилам ба он гум зад. Ҳар сол бо исрори модар падарам ба ним куттӣ кирмакдорӣ розӣ мешуд. Зеро дар ҳавлиамон, агарчи майда бошад ҳам, се беҳ дарахти тут доштем, ки барги ҳар кадоми вай ду-се рӯз ба кирмаки мо мерасид. Сониян, дар чоряки таноб майдончаамон ҳам, ки аз бобоям мерос мондааст, ҳафт-ҳашт беҳ дарахти тут буд.

— Худо диҳаду пиллаи нағз гирем, ҳам навқони бармаҳалу дармони дарди рӯзгор ва ҳам ҳезум мешавад,— ташвиқ менамуд модар падаро розӣ кунониданӣ шуда.— Набошад шабу ними шаб баргҳои майдонро зада мераванду мо бехуда аз ҳезум ушкуфой мекашем.

Охируламр падар розӣ мешуд. Кирмак медоштем. Рӯзҳои аз даҳани калон хеста то ба даста даромадани кирмак, ки баргхӯриаш зӯр шуда ташвиши кирмакдоронро зиёд менамояд, падарам аз кораш монда, пушаймон мешуд. Вале пиллачинӣ мерасиду сабатҳо аз пиллаҳои дурахшону гарон пур мешуданд, тамоми мондагиву пушаймонӣ гӯё якбора фаромӯш мегардид. Пилларо ба бозор, ба пиллагир мебурдем. Ман ҳамроҳи падарам мерафтам. Пули пилларо гирифтан замон,

пешина
аз 447
навбатӣ