Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мегирифт. Ӯ Қобилро ҳам, ки писари ягонааш буд, ҳақоратгар ва беҳаё мекард. Баъзан ӯ «канӣ, шери дадош, як мана ҳақорат куп-чӣ» гӯён ба ӯ мефармуд.
Чун Қобил ҳақоратҳои шунидаашро боло ҳам гузошта ба ӯ меовард, аблаҳона лаззат мебурд. Бача табиӣ, гоҳо модар, гоҳо толибаҳои ӯро низ дашном медод. Ба онҳо мечақид: аз мӯяшон мекашид, китобҳошонро гирифта пинҳон мекард. Модар ӯро танбеҳ ва панд медод, аммо Қобил тарки нокобилӣ намекард. Зеро пандҳои модарро далелҳои аҳмаконаи падар ҳеҷу пуч мекарданд.

— Ҳой, отунбибии покисулакл, — фарёд мезад ӯ ба занаш, — ин қадар беҳуда дилатро об карда, каллаи бачаи бечораро гаранг мекунӣ? Бача бошад шӯх бошад, аблаҳаш кулӯх бошад, гуфтаанд. Мон, ки шӯхӣ карда гирад. Фардо калон шаваду хӯрчини зиндагӣ ба китфаш фурояд, худаш мулоим шуда мемонад...

Вале Қобил ҳар қадар калонтар шавад, ҳамон қадар бешарму ҳаётар мешуд. Шогирдони отунбибӣ, аз он ҷумла Истадойи мо ҳам, ки акнун нағз хондаву навишта метавонистагӣ шуда буд, аз Қобил безор шуда, аз назди муаллимаи худ рафтанд. Аммо Қобил даст аз домани Истад барнамечид ва байни ҳавлияшону ҳавлии ӯ тор метанид.

— Ту писарбача ҳастӣ, раву бо писарбачагон бозӣ кун, — гӯён Бобомаъруф то дами дари кӯча бурда мемонду аммо фурсате нагузашта вай дар болои девор пайдо мешуд. Турфа садоҳо бароварда, чӣ соҳибони майдон ва чӣ кӯчагузаронро масхараю ҳақорат мекард. Боре ӯ ба ҷони Бобомаъруф, ки расонд, аз дасташ маҳкам гирифта ба назди падараш бурд. Аммо падари ҷоҳил ва аз ояндаи писар ғофил мегуфт:

— Амак, шумо аҷаб одам ҳастед! Хезаду Қобили мо духтарчаи шуморо нағз дида монаду худо хокашонро аз як ҷо гирифта бошад, кудою анда шавем, ганда-мӣ?

— Духтар он тараф истад, ман ба писари шумо гуноҳамро намедиҳам! — гуфт Бобомаъруф аз ғазаб ларзида.

— Гаҳвораи духтари шумо аз осмон фуромадагимӣ? — писхандзанон пурсид Ҳайдари ҷувоз.

Бобомаъруф ба мақоли ҷавоби аблаҳон бошад ҳамӯшӣ амал намуду пайгард рафт. Аз қафои вай Қобил ҳамраҳи падараш қаҳ-қаҳа зада хандида дашномҳои

пешина
аз 447
навбатӣ