Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
худро гирифта, ба шӯришҳои синфи коргари баҳодури рус пайваст ва мададе бар онҳо гардида буд.
Ҳуҷандиёне, ки бо ин ё он сабаб мисли Камол иҷборан тарки ёру диёр ва ғарибиро ихтиёр кардаанд, дар бисёр мамлакатҳои олам дар давлатдорӣ, илму маданиятдӯстӣ ном баровардаанд. Тазкиранавис ва нависандаи асри сенздаҳум Муҳаммад Авфии Бухорой дар боби оли хуҷандиён, ки аз аввали асри дувоздаҳ то охири асри сенздаҳ дар Исфаҳон давлатдорӣ кардаанд, чунин менависад: «Хуҷандиён фозилу фазилатдӯст ва шоирпарвар буданд. Хонадони хуҷандиён дар Сифаҳон малози аҳли фазл ва мӯътасими асҳоби дониш ва мустаҷеъи комилони ҷаҳонист ва аз афроди он ҷамъ дари фариди ҷамол ва шаҳбайти қасидаи афзоланд. Садои саити эшон ба ақсоми офоқ расида ва шакароби чуди эшон сакароти ҷонро таскин дода»...
Чунон ки ба ман боре академики Академияи фанҳои республикаамон Абдулғанӣ Мирзоев гуфт, чунин хонадонҳои маъруфи хуҷандиён то ҳанӯз дар Ҳиндустон, Покистон ва дигар мамолики шарқ низ ҳастанд ва ба тараққии илму фан саҳм мегузоранд.
— Чаро ягон олими оянда, — мегуфт Абдулғанӣ Мирзоев, — аз шаҳри шумо рисолаи номзадӣ ё докторӣ ба амали ин хонадонҳо намебахшад? Ин мавзӯи басе муҳим аст.
Ҳуҷанд ҳарчанд ибтидои таърихи худро аз амиқии қарнҳои гузашта мегирад, умри дубораи он, таърихи ҳақиқии вай аз ҳамон айёми фархундаю фирӯз сар мешавад, ки вай шарафёб гардид, ки нахустин шаҳре дар сарзамини тоҷикон бошад, ки Ҳокимияти Советӣ эълон ва пойдору барқарор гардид. Ягона партияе, ки мардуми меҳнаткашро ба роҳи ояндаи дурахшон равона менамуд, Партияи Коммунистӣ буд. Дар он рӯзҳои фаромӯшношуданӣ, гарчанде ки шумораи коммунистони дар атрофи Е. Иваницкий ҷамъомада бо ангушт шумурдашаванда буд, онҳо хобу хӯрро фаромӯш карда, ба ин мубориза сарварӣ менамуданд. Сафи партия моҳ ба моҳ, сол ба сол аз ҳисоби тӯдакашон ва ҷонисорони кори халқ меафзуд ва ташкилоти партиявии Хуҷанд ба яке аз ташкилотҳои такягоҳӣ табдил шуда, ба тамоми кори азнавсозии халқ ӯҳдабароёна роҳбарӣ мекард.
Сармуаллими кафедраи таърихи институти педагогии Ленинобод Назирҷон Турсунов соли гузаштаи шастунӯҳӯм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор