Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

оварда, ба коммунаи аввалине, ки фидоиён ташкил карда буданд, доданд. Каланди аҷоиби тӯморшакли, ба қавле мисли пардаи пиёз тунук ва зуғӯтаборикро дида, деҳқонон беихтиёр қоҳ-қоҳ механдиданд.
— Тавба! Ҳаминро каланд гуфта сохта, аз куҷое ба мо фиристодаанд? — писханд мезад яке аз муборизони пойдоргардонии Ҳокимияти Советӣ марҳум Дадобой Холматов. — Шоввозҳо аз коғаз сохтаанд-мӣ гӯед-а? Ба ин зӯғӯта дастаро чи хел метиққонед?
— Даста кофта намегардеду аз хонаатон тираки ошро гирифта даста кардан мегиред, — мегуфт дигаре, ки ҳам завқ менамуду ҳам ҳайрон буд.

Ба ёдам мерасад. Моҳи марти соли сию якум муовини муҳаррири газетаи «Большевики Хуҷанд» Ҳаким Карим маро ба артели аробасозони шаҳр фиристод, ки барои газета аз кору бори онҳо хабар нависам ва колхозчиёнро хурсанд кунам, ки имсол артель ба онҳо чи қадар аробаю бричка сохта медиҳад. Артель дар сари дуроҳаи кӯчаҳои Пушти Ӯрда ва Шайдо, дар мобайни бинои ҳозираи омӯзишгоҳи мусиқӣ ва кинотеатри навбунёди «Ватан» воқеъ буд. Раиси артельро наёфтаму бо бухгалтеру хазиначии он марди хушчакчак сӯҳбат кардам. Вай маро хушнудона дар рӯ ба рӯяш нишонд ва коғазҳоро варақ зада гуфт, ки имсол аз рӯи закази колхозҳо сию як аробаю бричка месозем, ки таърихи шаҳрамон ин хел суръати зарбдоронаи аробасозиро надидааст ва нашунидааст.

— Писарҷон, ба гуфтан осон, — мегуфт ӯ. — Дар як сол сию як ароба! Ҳамаи ин қатор шавад, аз ҳамин ҷо то чорраҳаи майдони шаҳр мерасад. Як тӯппиатонро гирифта монда зарб занед. Даҳ сол агар бо ҳамин суръат (ман аминам, ки рафта-рафта артеламон калон ва адади аробаҳои месохтагиаш зиёд мешавад) кор кунем, ки аробаҳоро ба куҷо меғунҷонем?..

Аммо артели аробакашон дур нарафт. Ҷои онҳоро автомашинаҳои боркашон ва сабукрав, ки ҳазор-ҳазоранду ҳайратоварона дар шаҳр меғунҷанд, ба пиёдагардони бечора ҳарчанд, ки моҳ ба моҳ душвортар мегардад. Дар Замбарӣ ном мавзеи ҳамин шаҳр, ки артели аробакашонаш соле сию як ароба месозем гуфта меболид, заводе бунёд гардид, ки автомобилҳои зебояш «Тоҷикистон» ном дорад ва онро нафақат дар роҳу кӯҷаҳои

пешина
аз 447
навбатӣ