Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ва дар миллиардҳо сол боре як дақиқа дер ё дақиқае тез набаромадааст?- ҷиддӣ пурсид Мансур.
  • Мансурбой, кори коинот мисли кори ману шумо ё болшевику Анварпошо нест. Як чашм задан дер кунад, ҳама олам кунфаякун мешавад. Хубаш ин суханони хандаоварро монеду чойҷӯшатонро бароварда, ба тагаш оташ гиронед..
    Сафаракиҳо наздики шом дар даромади деҳаи Кулисуфиён ба мақсади шабро ба рӯз бурдан дар гӯшаи хирмане, ки дар атрофаш бандҳои гандум ғарам буданд, бор канданд. Дар хирман марде танҳо гандум бод мекунад. Мард бор канданашонро дида, лаҳзае пас наздашон омад. Ва бо лаҳни дӯстона пурсид:
  • Меҳмонҳо, ба деҳаи мо марҳамат. Пурсидан айб не, аз куҷо сар кардед? Аз муҷоҳидҳоед ё аскари сурх?-Ва табассум кардаю нимшӯхию нимҷиддӣ афзуд:- Замоне шуд, ки напурсед, дилатон дар изтироб мондаю ором намешавад.
  • На ину на вай: яке аз Самарқанду дигаре аз Бухоро омадем.-Ба Мансур кушоду равшан сухан гуфтани мард маъқул шуд.
  • Мардуми Самарқанду Бухоро нури дидаи моянд. Он шаҳрҳои азиз ифтихорамон... Мо ҳар сол ба он ҷойҳо рафта, орзушикан шуда меоем.
  • Аз чӣ, орзу мешиканед? - Мансур ба чеҳраи гарди коҳ нишастаи мард зеҳн монд: куртаи карбос, миёнбандаш ва пойҳои бараҳнааш низ пур аз гарду чанганд.
  • Аз тамошои шаҳр, аз мардуми баодобашон, аз ҷойи батаъме, ки дар самоворхонаҳо менӯшем,- мард миёнбандашро кушода рӯю лабони парсингбаста ва кафидаашро пок кард.
  • Мо ҳам аз суханони шумо, аз ин хирмани гандум, аз саҳроҳои дилангезатон хурсанд шудем. -Низом - махдум ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд.
  • Аспҳоро он ҷо бандед, хоҳ-нохоҳ каси ин алафҳоро медаравида намонд,- Мард юнуҷқазори поёни хирманро нишон дод. -Ман аз гандуми нав нон фармудам. Ҳоло меоранд.
    Мизбонон аспҳоро баста омаданд. Вале нони гандуми нава хӯрдан насибшон накард... Як хурма чӯрғотро ошомида, салкинии маҳтобшабро баҳона карда, ба роҳ баромаданд.

Дар Балҷувон онҳоро аммаи Низоммахдум Робиа пешвоз гирифт. Вай зани сергӯшт ва банур аст. «Бухороро ба хок яксон карданд?» — гуфт ба оҳанги каси мусибатдида сар ба китфи Низоммахдум ниҳода гиря кард.
— Бухоро боз обод мешавад, аммаҷон. — Низоммахдум дасташро ба китфи зан ниҳод. — Худамон сиҳат бошем.
Шавҳари Робиа, амаки Сайфуллоҳ, марди қадпасти миёнсолл, ҳамроҳи писараш Тоҳирҷон бори ҳарҳоро фуроварда, пас аз салому алейк бо меҳмонҳо дарди дил кард: «Пирию ҳартозӣ» мегӯянд, ки дар ҳаққи ман аст. Аз боғҳо себ ҷамъ карда, ба аскари Давлатманд мебарем. Миннат нашавад, нону дигар маҳсулот ҳам мебарем.
— Аскари Давлатманд ҳоло дар куҷост? — пурсид Низоммахдум. — Онҳо ба Анварпошо ҳамроҳанд?

пешина
аз 613
навбатӣ