Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
қарздору рӯсияҳ аз ин дунё меравӣ! Намоз аз чунин фарзҳост!- Рухсораҳои биникалон бештар сурх менамуданд.
Давлатманд, ки дар гӯшае бо диққат ба саҳна менигарист, наздиктар омада, ҷониби биникалон гуфт:
– Муллоҳамроҳ, намозро ҳамин ҷо мехонем. Касе халал намерасонад.
Муллоҳамроҳ боз атса заду “искотии атса намемонад!” гуфт ва боз ҳам бехабар як абрӯяшро ба фисаш олондаю пас лаҳни гуфторашро нарм карда афзуд:
– Ҷаноби Анварпошо, шумо барои ман мисли додарам ҳастед.- Дар китобҳои осмонӣ омадааст, ки дар рӯзи арафа аз мурғ то моҳӣ озод аст... Таваккал ба Худо кардаю моро иҷозат фармоед, ки ба хонаҳомон равем.
Аз гӯшае марди газгуште, ки сараш докапеч буд, хесту ҷониби Давлатманд гуфт:
– Додар, Давлатманд, худат медонӣ, ки “ид бо ёрон хуш аст, деҳ бо дарахтон” гуфтаанд. Зебогии ид дар намоз асту зебогии намоз дар масҷид, - гуфту хандид.
Ду нафар салласиёҳе, ки паҳлӯи ҳам менишастанду монандӣ доштанд, аз ҷо хестанд ва яке тез-тез сухан карда гуфт:
– Ин иди саид дар як сол як маротиба мешавад! Сари манзили падарон рафтан даркор. Рӯҳи онҳо моро интизоранд! Ва ҳарду аз давра баромада дар гӯшае рост истоданд.
Чеҳраи Анварпошо тағйир ёфт. Рухсораҳои сурҳаш сафед шуданд. Яқин аз фикре, ки дошт, дил канд ва ҷониби ҳамдиёронаш, ки дар гӯшае истода ин манзараро бо ришханд тамошо доштанд, бо забони худ чизе гуфт. Онҳо ба аломати тасдиқ сар ҷунбонданд.
Якчанд нафар хеста, сухани Муллоҳамроҳро тақвият доданд:
– Сухани домуллоро ба замин нагузоред.
– Рус мардум аз суханах намегардад.
– Дар он дунё аввали пурсиш аз намоз аст!
Муллоҳамроҳ боз чизе гуфтанӣ шуд, аммо боз “искотии атса” омаду сухан дар дахонаш монд.
Мансур мушоҳида кард, ки афғонҳои дар паси онҳо нишаста низ ҷазбманди намози идро дар деҳа хондан ҳастанд. Пай бурд, ки инҳо аз роҳашон намегарданд. Ва дар ин лаҳза кашфиёте ҳам кард: Чизе, ки ин халқи нодонро мисли ду дандони анбур сахт доштаю ҳеҷ сар намедиҳад, ҳокимони ҷоҳилу муллоҳои нодон мебошанд. Нигоҳаш ба кӯҳи Душоха афтид. Ҳоло нури офтоб то ба “шоҳ”-ҳо низ расидааст. Ҳар пагоҳию бегоҳ офтоб ин кӯҳхоро ранги арғувонӣ мекашад ва ҳар қавме, ки меояд, ба ин рангҳои тоза ба ҳавас менигарад.
Ҷавони турки паҳлӯяш даст ба зону ниҳода, пурсид: -Шумо аз Бухоро? - ва афзуд:- Ин мутаассибҳо фаҳму дарки авзоро надоранд!
– Муллоҳамроҳро бо ду нафар тарафдораш хуб тозиёна мезанед, дигарҳо ба суханатон ҷон-ҷон гуфта, гӯш мекунанд,-гуфт Мансур. Ва дид, ки Анварпошо ба гӯшае рафт ва нигоҳ ба замин басту даст болои даст ниҳода хомӯш истод.
– Ҷони гапро гуфтед. Дар Туркия мешудам, ҳамин тавр мекардам,-гуфт ҷавони паҳлуи Мансур ва афзуд: -Номам Фаррухбой. Аз Туркия омаданамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор