Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Чернов Кузминро дар давраи қартабозҳо ёфт. Ӯ бепарво чизе гуфтаю дигаронро механдонд. Харбузаҳои овардаашонро пора кардаю нимхӯрда ба ҳар тараф хаво дода буданд. Кадоме Кузминро маломат мекард: “Валера харбузаҳои овардаат калону таъм надоранд.”
Чернов рӯбарӯи Кузмин қарор гирифт ва дар ҳоле, ки рӯяш аз ғазаб качу килеб шуда лабонаш мепариданд, гуфт:
- Модарата фалон кунам, деҳқонро куштию чӣ гуна харбузааш аз гулӯят мегузарад?! Ва бо мушт ба рӯяш зад.
Кузмин дар ҷояш нишаста лаби кафидаашро дошт.
Чернов ӯро аз гиребонаш бардошта заданӣ буд, ки Загорский пешашро дошт. “Александр Николаевич як дам ист, худатро ба дастгир” гуфт. Ӯ ҳеҷ гоҳ рафиқашро чунин бадқаҳр надида буд.
Чернов тугмаҳои куртаашро кушода бо овози пасттар афзуд:-Намехоҳам ба хуни ту ҳаромӣ дастамро олонам! Барои он ки деҳқони бегуноҳро парондӣ, суди саҳрой ҷазои ҳардуятро медиҳад! Ҳуҷҷатро худам тахт мекунам! Аз пушти ту барин ифлосҳо ин мардум хонаю дарашро партофта меравад. Ту барин модарбаҳатоҳо обрӯи армияи сурхро мерезонед!
-
Сардор, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!-Кузмин бо рӯймолча лабони кафидаю хунравонашро пок карду аз ҷояш хест ва аз рӯйи одат ҷониби атрофиёнаш нигариста, бо истеҳзо гуфт:
-
Тӯҳматро дидед?! Сардори бригада ин у обрӯро ман резондаам!
Таппончаи Кузмин дар миёнаш буд. Чернов қарор дод, ки агар ба таппонча даст барад, ӯ пештар мепаронад.
- Кайҳо туро нест кардан даркор буд!-Чернов боз дар ғазаб шуд.
Кузмин, пай бурд, ки Чернов кори дирӯзаашро дар назар дорад. Ҳангоме ки асирро аз паси гардан шамшер задаю ба чар партофт, Чернов ҷиннӣ шуда мушташро ба зери манаҳаш дошта буд.
-
Рафиқ подполковник, асман аз рӯзи ба бригадаат омаданам ба ман рӯи хуш намедодӣ,-гуфт Кузмин бо лаҳни нарм.- Дирӯз ҳам барои як босмачӣ шуда қариб маро мекуштӣ.
-
Ин суханҳоро дар суд мегӯй.-Чернов фаҳмид, ки Кузмин таппончаро намегирад.
-
Рафиқ подполковник, рафиқ сардори бригадаи 11-ум. Айби худи деҳқон шуд! Худаш ҷангро сар кард! Бо бел қариб ба сарам мезад! Моро куштанӣ буд. Ман худамро ҳимоя кардам. Ба суд ҳам мегӯям, ки мо худамонро ҳимоя кардем.
-
Умраро ба бадиҳо гузаронӣ, ояндаат боз бадтар хоҳад гузашт, - гуфт Чернов. Ва ба одами шуъбаи сиёсӣ фармуд, ки дастонашро бандад.
Рангрӯи Кузмин пахта барин сафед шуда, ба тавалло даромад:
-
Александр Николаевич, маро бубахш! Хато кардам. Аз карда пушаймонам. Дар ҷанг гуноҳамро мешӯям...
-
Гуноҳи ту, хуки ёбоиро, оби ин олам намешӯяд,- гуфт Чернов ва бо нафрат аз ӯ дур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор