Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

зонданд. Гӯё нишон додаӣ шуданд, ки ҳой, аз ҷафои шумо гурезонем. Давлат пеши роҳашонро дошта пӯписа кард.

  • Кадом гӯр меравед?! Марди ҳақиқӣ ватанашро партофта намеравад! Мо инқилоб гуфтаю худамонро дар дами тири босмачӣ гузорему шумо ба ҷои ин ки заминатонро соҳиб карда гандум коред, мегурезед!

Марди лоғарниҳоде, ки чашмонаш чуқур рафтаанд, бо ситезманди салаашро болои чашмонаш давонда бо овози нарм ҳамон фикрҳоеро гуфт, ки пештар ба сари Чернов омада буданд:

  • Шумо тоҷики худамонед, писар? - Пурсид мард ва афзуд: - Марди ҳақиқӣ намеравад, мегӯед. Ин деҳаҳое, ки холӣ шуда, бисёр мардони ҳақиқӣ доштанд, лекин ҳама рафтанд. Дирӯз як деҳқони ҳарбузакореро, ки маҳсулоташро шикамсерӣ хӯрдед, чӣ кор кардед? Баъди ин мардум ба кӯдакҳояшон васият мекунанд, ки барои шумо на ин ки гандум, балки нони мӯшхӯрдаашро надиҳад.

Давлат чизе гуфтани шуд, ки Чернов сурфа карда, ӯро дошт. Ва ишора кард, ки мон, раванд. Пас ба ҷояш баргашта ба Чилла фармуд, ки ба зани мақтул ба ғайр аз пули ҳарбузааш пули як говро ҳам бурда деҳ, то ки зан бачаҳояшро хӯронаду пӯнонад. Чойи дарозкардаи Муҳаммадшарифро тез-тез нӯшиду андешид, ки агар ин мардум инқилобро нафаҳманду қабул накунанд, чаро бояд маҷбур кунем? Маъкулашон будааст, ки ғуломи бек бошанд. Мулло ҳар барин саворшон шуда гардад. Аз даридагию пойлучиашон парво надоранд. Барф ҳаст, борон ҳаст пойлуч гаштан мегиранд. Гурусна ҳам намемонанд. Дар кӯхҳояшон чормағзу пистаю дӯлона лаб задааст. Ҳар чормағз, ҳар тут, ки эҳ-е... Як авлодро як сол мехӯронад. Мисли гургу хирсу рӯбоҳи кӯхҳояшон тобистон тарашро, зимистон хушкашро меҳӯранд. Мактаб, духтур, касбу кор ҳам лозим нест. Инҳо мисли ҳайвон бемор ҳам намешаванд...

Комиссар Ершов номае дар даст саросема омаду гуфт:

  • Давлатманд талаб кардааст, ки се рӯз оташбас эълон кунем, то ки мардум осуда иди қурбонро гузаронанд. Чӣ нависам? Фикрат чист?
    Чернов ҳавсалаи сухан кардан надошт. “Ҳар чӣ мехоҳӣ, навиштан гир,” - гуфт. Ҳатто сарашро набардошт.
  • Хаташро як маротиба мехондӣ.
  • Намехоҳам.- Чернов сар ҷунбонд.
    Муҳаммадшариф ба пиёлаҳо чойи гарм рехта гуфт:
  • Дар Балҷувон овоза шудааст, ки гӯё аскари сурх аз тарси Анварпошо ба он тараф қадам намемондааст.
    “Ин кори ОГПУ! - Чернов муддате андешаманд шуд: -Яқин тарҳе доранд. Шояд босмачиҳоро дилпур мекунанд, ки нагурезанд”.
  • Розӣ мешавем, дигар чӣ роҳ дорем?-гуфт Ершов ва ба оҳанги дигар афзуд: -Александр Николаевич, ки ҳеҷ не, ки баъд аз ҷанги дашти Маҳтобӣ ба худ бийёӣ. Он чӣ шуданӣ буд, шуд. Оби рехтаро баргардонда намешавад.
    Муҳаммадшариф Ершовро тарафдорӣ кард.
  • Розӣ мешавем. Мардум аз кӯхҳо омада идашонро чашн гиранд.- Мо ҳам ба савоб шарик мешавем.
  • Ба намоз меоянд? - Чернов рост ба чашмони чилавдораш нигарист.
пешина
аз 613
навбатӣ