Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

тараф дегу алов доранд. Дар лаби ҷӯй болои суфа калонҳо нишастаанд. Он ҷо се-чор нафар домуллоҳои салласафед ва чанд нафар ёрони Анварпошо сӯҳбат доранд. Муллоҳамроҳ ҳам дар ҳамин ҷо. Челаку салла карда омадааст. Ришу буруташро қайчӣ задаву чеҳрааш ҳам ҷиддист. Вай баъд аз муллои миёнсини зардинае, ки нигоҳи меҳрубонона дорад, ҷой гирифтааст. Ба меҳмонҳо писарандари Давлатманд – Муқаддас, ҷавони газгӯшти гандумгун хизмат мекунад.
Поёнтар болои сабзаҳо чил-панҷоҳ нафар сарбозону муҳофизон гилему намад партофта давра кардаанд. Анварпошою Фаррухбой дуртар дар поёни ҷӯйбор рост истода гуфтугӯ доранд. Анварпошо ошуфта менамояд.

Давлатманд аз дасти Мансур дошта, ба болои суфа ҳидоят карду ҷониби Сайфуллоҳ “амак, хоҳед, дар поён нишинед, хоҳед, назди меҳмонҳо бароед” гуфт. “Мо дар поён баҳазуртарем,” гуфт Сайфуллоҳ ва сӯйи давра рафт.

Мансур дар паҳлӯи Муллоҳамроҳ ҷой гирифта, мушоҳида кард, ки барои меҳмонҳо дастархони пурнеъмат оростаанд. Гӯшти оҳу, гӯсфанд, кабку мурғи ҳилол дар табақҳои алоҳида. Аз ҳалво ҳашт-нӯҳ намуд. Ангурҳои рангоранг.
Нонҳое пухтаанд, ки мегӯӣ рӯйи духтар аст. Аз паҳлӯи суфа ҷӯйи пуроб ҷорист.

Анварпошо баъди сӯҳбат бо Фаррухбой аз назди оташдон гузашта, як даста қоғаз ва суратеро ба коми оташ ҳаво дода, то сӯхтанашон нигоҳ карда истод.
Ва наздик омада, аз Давлатманд пурсид: “Ба теғаҳои атроф посбон мондед?” Ҷавоб гирифта, ҷониби чилавдори Давлатманд Гадобой илова кард: — Аспҳоро ҳам дар ҳамин боғ назди худамон ҷой кунед.

– Анварҷон, ҳама гуфтаҳоят иҷро мешаванд, - Давлатманд ҳоло куртаи суфи то зону ва миёнбанд дорад. Дар сар тоқии сабзранг бастааст. Дар ин либос зеботару чолоктар менамояд. Ӯ миёнбандро аз нав баста афзуд: - Ту заррае парво накун. Магар мардуми мо мегузорад, ки болшевики ломазҳаб наздики ту ояд?
Пиру барно хеста, сангшапаш мекунанд. - Ва ҷомаи таҳкардаи банорасро аз дасти Муқаддас гирифта, ба китфи меҳмон партофта, бо ханда илова кард: - Ту камгӯштӣ, мабодо хунук нахӯрӣ?

– Аз дӯст ҳар чӣ расад, накуст. - Анварпошо ҷомаро пӯшида, болои курпача паҳлӯи домуллои зардина нишаст. Дар он сӯ дӯстони Анварпошо Усмон Човуш ва Мурод Човуш, Саша Роиеви казак, Ҳусейни черкас ва боз панҷ-шаш нафар туркону маҳаллиҳои салладор ҷойгиранд. Фаррухбой паҳлӯи Мансур ҷой гирифт.

Анварпошо даврабудаҳоро сарсарӣ аз назар гузаронд ва ба Мансур нигариста, гуфт:

– Дидед, болшевико чӣ гуна мардуми Бухороро фиреб доданд? Дар аввал Ҷумҳурии халқӣ гуфтанду пас аз он ки пойҳояшон ҷой гирифт, шартнома мебандем гуфта, ҷумҳуриро ба худашон илҳоқ карданд.

– Ҳеҷ кас чунин гумон намекард, - Мансур дар сухани Пошо оҳанге ҳис кард ва ба хотираш омад, ки агар дар ин давра Низоммахдум мешуд, бо ӯ аз ин боб сӯҳбат мекард. Ӯ аз баргу навои болшевиқҳо бохабар буд. Ва боз фикр кард, ки чаро Анварпошо хату суратро ба оташ партофт? Сурати кӣ буд? Шояд маҳбубааш буд? Шояд мӯътақид аст, ки ҷанг мешавад. Ва ба ҳар эҳтимол суратро нест кард. Хуб кард. Сурати каси маҳбуб бояд ба дасти бегона наафтад.

пешина
аз 613
навбатӣ