Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Домуллоҳои мо ҳам вақте ки аз ҷаннат сухан мекунанд, бисёр хушат ме- ояд, аз дӯзах сухан кунанд, сахт метарсӣ.
Дар табақҳои чинӣ хӯрок оварданд.
Анварпошо аз Домуллошариф пурсид:
– Амак, пагоҳӣ намозро соати чанд мехонем?
– Иншоаллоҳ, офтоб, ки намоён шуд, мехонем.
– Намози иди Рамазон ва иди Қурбонро офтоб, ки ба тори теғаҳо расид, мехонанд,-афзуд Муллоҳамроҳ.
– Намешавад, ки пештар хонем?-Анвар ба Домуллошариф рӯй овард.
– Мешавад, тақсир, мешавад.
-Боз ҳам Муллоҳамроҳ пешдастӣ кард: - Агар соати ҳашт бошад, мешавад понздаҳ дақиқа барвақттар хонем.
– Ақалан як соат гӯед.-Анварпошо ҳайрон монд.
– Мешавад, ҳамаш дар дасти Худомон,-гуфт Домуллошариф. Маълум на- буд, ки ӯ шӯхӣ мекунад ё ҷиддӣ мегӯяд.
Фаррухбой ба туркӣ чизе гуфт, ки Анварпошо сар ҷунбонд ва дақиқае сархам хомӯш истоду пас аз Мансур пурсид:
– Шумо ба Туркия нарафтаед?
– Не, нарафтаам,-гуфт Мансур.- Аз рӯйи нақли рафиқон медонам, ки Истамбул шаҳри зебост.
– Бухоро ҳам зебо, Самарқанд ҳам. Хеваро намегӯед, аз дидани қасру кӯшқҳояш ангушти ҳайрат мегазед. Ҳамаи ин шаҳрҳои зебои мусулмононро муттаҳид кардаю як давлати боқувват сохтаю ана пас зӯр зада Туркияи азизи моро боз номдор мекардем...- Анварпошо таваккуф кард. Охири суханҳоро нагуфта, боз дасташро ба об доштаю пасу пеш бурда, дар андеша шуд.
Ҳама мутаваҷҷеҳи Анварпошо шуданд. Вақте ӯ ҳамчунон хомӯш буд.
Мансур нигоҳашро аз Анварпошо наканда аз дилаш гузаронд, ки ана ин мард чӣ мехостааст. Он шиорпартоиҳояш, ки “Бухоро соҳиб дорад! Дини ислом фалон аст,” мегуфт, дуҳули зери гилем будаанду бас. Дар сари Анварпошо ҳоло ҳамон ақидае будааст, ки сарварони мухторияти Хӯқанд доштанд. Империяи Туркия ташкил кардан. Аз афташ, барои ҳамин ҷадидҳои Бухорою Самарқанд ба қурултой дар Лақай баргузор шуда наомаданд ва минбаъд ҳам таваҷҷуҳ накарданд. Кишвар, ки бесоҳиб монд, даст ба даст мешудааст. Сад сол пеш русҳои Николай омада диданд, ки як кишвари пуробу офтобу зебоиҳо дар дасти бехунарҳост, осон соҳибаш шуданд. Пас русҳои болшевик тасарруфаш карданд. Анварпошои некӯ бадӣ замона дида ҳам омада мушоҳида кард, ки мардум девонавор кӯча ба кӯча “Во дино! Во амиро!” гуфта гаштаанд, ман домоди халифаатон гуфта, худро соҳиб эълон карданӣ шуд, ки зӯраш нарасид. Лекин дуруст нигарӣ, гунаҳгор Худомон. Пешво ҳам гунаҳгору олим ҳам, омӣ ҳам. Мегӯянд, мард вақте ба мардӣ мерасад, ки ҳифзи ватанро дар ҷойи аввал гузорад. Туркҳо ба ин баландиҳо расидаанд. Ҳоло мо дурем. Бисёр дур.
Валиш, ки дар поёни давра менишаст, мавзӯи суҳбатро дигар кард. Гуфт, ки дар ин тарафҳо роҳи аз ҳама наздик ба Ҳиндустон роҳи Читрол будааст. Аз Дарвоз ба Помир мебароеду он тараф ба Покистон мегузарад. Он ҷо як рӯз роҳ

пешина
аз 613
навбатӣ