Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Албатта, меравем, - гуфт Мансур ва ба Ҷовид ишора кард, ки аз пас аспро нӯхтакаш карда биёрад.
-
Ду ҳафта зиёд шуд, ки дар ин соҳилем. Мо ин ҷо соҳибватан шудем, - Абдуллохон аз Мансур чашм намеканад. - Солҳои рафта ҳардуямонро дигар кардаанд.
-
Солҳои рафта шаҳрҳоро дигар карданд, роҳу равишро дигар карданд, чӣ расад ба мо. - Мансур ба зӯрӣ табассум карда афзуд: - Тасаввур намекардам, ки ин ҷо ин қадар одам ҷамъ мешавад ва шуморо ҳам ин ҷо мебинам.
-
Ин ҷо шаҳр, - Абдуллохон бо табассум сар ҷунбонд. - Саҳар шавад, бозорро тамошо кунед... Одамони деҳаҳои атроф молашонро меоранд. Мардуми дармонда чизу чораашонро арзон фурӯхта мераванд. Баъзеҳо пайса надоранд, маҷбур шуда аспу улоғашонро мефурӯшанд. Савдо бештар ивази мол ба мол аст.
-
Чаро одамон ин ҷо меистанд, ман ҳайрон?
-
Мусофирон ин ҷо, ки расиданд, як рӯз - ду рӯз, баъзан як ҳафта меистанду ҳавои кори он тарафро, ки гирифтанд, пас аз дарё мегузаранд. Баъзеҳо ақиб мегарданд.
-
Ақиб мегарданд? Чаро?
-
Ҳаёти он тарафро пурсуҷӯ мекунанд, маъқулашон нашавад, гашта мераванд.
Онҳо аз назди хаймаи калонтаре, ки аксар русҳо ва ягон-ягон қафқозинусхаҳо ба ҳам бо овози баланд баҳс доранд, гузаштанд.
-
Ин ҷо русҳо ҳам ҳастанд? - пурсид Мансур ва ба афту андоми паремонашон зеҳн монда андешид, ки инҳо ҳам мисли худашон ҳоли ночур доранд.
-
Як рӯз ин ҷо истед, қудрати Худоро мебинед. Қазоқу қиргизу кунгуроту дункану семизу Эҳ-е, ҳамагуна миллат пур. Аз Қафқозу Қазон ва ҳатто аз Петербургу ким куҷоҳо одамон ҳастанд.
-
Аз Петербург? Шояд ҷорусанд? - Мансур баъд аз ҷанги Балчувон ба русҳо бовариаш намондааст.
-
Мушоҳида кунам, одамони Петербург ба он болшевиҳои пасту пакана- нусха монанд не. Маълум, ки тарбиятдидаанд. Одамони диндору баинсоф. Дар самовор пагоҳӣ навбати чой меистем, мо ришсафедҳоро пеш мегузоронанд. Чашму дилашон сер. Гапу корашон хушмуомила. Боз дили ҳар каса Худо ме- донад.-Абдуллохон ҷониби фарғонагиҳое, ки ба соҳил расида буданд, нигариста ба суханаш идома дод:- Ҳамин аҳвол дар дигар гузаргоҳҳо ҳам будааст. Аммо дар он ҷойҳо киштӣ будаасту пули калон мегирифтаанд.
Мансур истода, ба ду марди сафедрӯи ботанутӯш нигарист, ки аробаеро таъмир мекарданд. Онсӯтар аз онҳо партобгоҳ буд. Аробаҳои кӯҳна, сандук, пӯстаку кӯрпачаю болиштҳои ҷулмонанд. Табақу кӯзаҳои шикаста ва дигар асбобҳо хобанд.
- Инҳо анҷомҳои мардуми гуреза,-гуфт Абдуллохон.- Ин ҷо меоранд, ме- бинанд, ки аз дарё гузарондан наметавонанд, партофта мераванд.- Қадамзанон Абдуллохон афзуд:-Ин гуна асбобу анҷомро дар ҷазираҳои байни дарё ҳам мебинад.
Мансур аз аҳволи нофарҷоми гурезаҳо, аз ояндаи торикаш дилтанг шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор