Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
пойро дар як мӯза кардааст, ки ба Афғонистон немеравем. Ҳамин ҷойҳо ду-се сол меистему пас ба ватанамон бармегардем мегӯяд. Аз кадоме шунидааст, ки он тараф пури мардуми саргардон.
«Ломазҳаби болшевик ҳамаамонро сарсону саргардон кард.» — Мансур ба рӯи мусоҳибаш чашм дӯхту аз рӯйи дилсӯзӣ гуфт: — Як муддат ба Афғонистон равед. Мо барои инҳо душманем. Роҳамон намедиҳанд.
Дар назди хаймаи Абдуллохон писараки зардинае сангчаҳои сафедро болои ҳам чидаю бозӣ мекард. Ба хотири Мансур омад, ки дар ағбаи Китов бародараш ҷониби Ҷовид гуфт: «Ошно, ҷоимизни олмаштирайлик?» Ҳанӯз овозаш дар гӯши Мансур садо медиҳад. Вале дигар он кӯдаки ширинсухан дар ин дунёи кушод нест. Ӯ ҳанӯз намедонист, ки марг чист? Аз ноҳӯдабароии мо, падарон, марг фарзандҳоямонро мебарад.
Ҷовид ҳам писарро шинохту пештар рафта салом дод. Ба дили Мансур омад, ки тақдири инҳо якранг аст. Ҳарду аз ватан дур, бародаргумкардаанд...
Ҷовид ҳамроҳи Маъмурҷон монд.
— Гӯсола бо гӯсола — ошнои садсола, инҳоро ба таври худашон мемонем, — гуфт Абдуллохон.
Дар хайма марди рӯйпаҳни қазоқсимо ба пешвози онҳо хест.
— Ин кас ошнои мо Кучибой, — Абдуллохон мардро шинос кард. — Аспчаллобӣ мекунанд. Як аспама ба ин кас фурӯхтам, омадаанд, ки ҳошакалло дигарашро фурӯш.
— Ағолиқ, агар хоҳиши фурӯхтан дошта бошед, гуфта омадам, — Кучибой бо овози баланд хандид.
— Аспро дар куҷо мефурӯшед? Ба Афғонистон мебаред? — Чеҳраи кушода ва нигоҳи меҳрбори Кучибой ба Мансур маъқул шуд.
— Касбам галабонӣ, — гуфт Кучибой. — Аз мардуми гирду пеш ё гурезаҳое, ки меоянд, аспи хубе пайдо кунам, арзон харида, ба он тарафи об бурда мефурӯшам. Ба ҳамин тариқ зиндагиро меҷунбонам, вагарна бо галабонӣ рӯз намегузарад.
— Дар он тараф асп қимат аст?
-
Дар соли аввали ҷанг ба асп пули нағз медоданд. Баъдан нарх афжидан гирифт. Дар ду соли охир бисёр аспҳоро ба он тараф бурданд. Хусусан пас аз он ки Анварпошо ҷангро шурӯъ кард. Одамони Анварпошо алоҳида, одамони Иброҳимбек алоҳида гала-гала аспҳоро бурда ба ивазаш тиру туфанг харида оварданд.
-
На фақат асп, рамаи молу гов ҳам бурданд! - гуфт Мансур ва пурсид: - Он ҷо гурезаҳо чӣ ҳол доранд?
-
Ман аз деҳаҳои назди соҳил он тараф немеравам. Аз рӯйи шунидам, аксар дар азобу оворагиянд. Хонаю дар набошад, ватани бегона бошад, ба худатон маълум. - Кӯчибой ҷониби Абдуллохон дӯстона нигариста афзуд: - Мехоҳам ағолиқро гӯям, ки нараванд, аз тарафи дигар, дар ин ҷо дилпур зиндагӣ карда наметавонанд.
-
Азоб ҳам бошад, маҷбурам як муддат равам, - гуфт Абдуллохон ва берун баромада, Ҷовиду Маъмурҷонро дохили хайма кардӣ сабзӣ оварда пора кард ва гуфт: - Сабзию пиёзи моро Кӯчибой мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор