САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
КИТОБИ ЗАХИРАВӢ (ДАСТУР) БАРОИ ОМӮЗГОР САВОДНОКИИ РАССОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ
Аннотатсия (мӯҳтаво): Маводҳои методӣ маҳфуми рассона ва иттилоот, саводнокӣ дар ин соҳа, актуалӣ будани он барои хонандагонро мефаҳмонад, имконияти ҳамгироии он ба ҷараёни таълимро нишон медиҳад, мақсад ва натиҷаи онро тасвир мекунад, бо сарчашмаҳои иттилоотӣ шинос менамояд, намунаҳои амалии дарсӣ пешниҳод мекунад.
Маводҳои методӣ барои омӯзгорон пешбинӣ шудаанд, ки дарси Инсон ва Ҷомеа (Ҳуқуқшиносӣ), таърих, ҷуғрофия, этика, технологияи информатсионӣ ва дигар фанҳоро меомӯзонанд, инчунин китобдорони мактаб, директорон, омӯзгороне, ки мехоҳанд мақсаднок омӯзиши саводнокӣ дар соҳаи рассонавӣ ва иттилоотиро бо ҷараени таълим ва ҳаети мактабӣ ҳамгиро созанд. Омӯзгорон метавонанд маводҳои методии мазкурро ҳангоми ба нақшагирии дарсҳо аз фанни таълимиашон ва ё соатҳои берун аз синфӣ истифода баранд.
Маводҳои методии мазкур метавонанд ёрирасон бошанд, дар:
-
Дарки маҳфуми саводнокии рассонавӣ ва иттилоотӣ;
-
Дарёфти роҳҳои ҳамгироии саводнокии рассонавӣ ва иттилоотӣ бо ҷараёни таълим ва ҳаёти мактабӣ;
-
Банақшагии шаклгирӣ ва баҳодиҳии саводнокии рассонавӣ ва иттилоотӣ.
Маводҳои методии мазкур бо истифодаи таҷрибаи давлатҳои дигар, ҳуҷҷатҳои ташкилоти ЮНЕСКО, Дойче Велле ва давлати Украина дар соҳаи маориф омода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё