Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барҳақ, мусаннифи «Маҷмӯъаи Салимӣ» – Мирзосалим валади Мирзораҳими мутахаллис ба «Салимӣ», ки таснифаш замимае ба тазкираи «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират ил-асҳоб»-и адиб ва тазкиранигори асри XIX Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1914 мелодӣ бо тазкираи мазкура ва «Таърихи касира» дар Тошканд зери як муқавво ба табъ расидааст, ӯро дар радифи шуарои замон ба қайд оварда, як ғазали рангинашро пешкаши аҳли завқ намудааст.
Ба иллати суқуту инқирози амиқи ҷомеаи феодалӣ ва мусодамаву муҳорабаҳои шадиди синфию сиёсии ибтидои асри ҷорӣ, табиист, ки дар арсаи эҷоди бадеӣ, умуман, ва дар соҳаи омӯзиши рӯзгору осори гузаштагон, хусусан, сукути нисбие ворид омад, ки ҳаёту эҷоди Туғрал ҳам аз ин доира мустасно нест. Аммо ғалабаи Инқилоби Октябр ва таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон чаҳорчӯби суқуту сукути ногузири иҷтимоиро шикаста, баробари ҷанбаҳои дигари ҳаёту иҷтимоиёт ва ҷодаи таҳқиқу интишори мероси классикӣ ҳам равшанӣ андохтанд. Ба ин маънӣ, дар силки тадқиқи осору афкори Туғрал низ иқдоми муайяне карда шуд, ки муҳаррики нахустини он асосгузори адабиёти советии тоҷик Устод Садриддин Айнӣ буд.
Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки аввалин тазкираи давраи шӯравии халқамон буда, соли 1926 дар Маскав интишор ёфтааст, ба паҳнои ҳаёту навиштаҷоти Туғрал аз дидгоҳи дархури замону талаботу таълимоти навин назар андохта, чандин масъалаи марбутаро ба ҳал расондааст ва ё барои ҳаллу файсалашон пеш ниҳодааст. Аз ҷумла, лавҳаву манзараҳои рӯзгори Туғрал дар Самарқанду Бухоро ва охирҳои ҳол дар зодгоҳаш, мувосалати ӯ ба ҳукумати шӯроӣ ва ҳамкориаш бо асокири сурх, муносибати Туғрал ба Бедилу Шоҳин ва натиҷаҳои он, баъзе хусусиятҳои шахсию эҷодӣ ва таркиби девони Туғрал аз масоилеанд, ки маҳз дар асари мазкури Устод Айнӣ ҳукми санади хаттиро пайдо кардаанд ва ба маърази таҳқиқу баррасиҳои баъдӣ вогузор шудаанд.

пешина
аз 312
навбатӣ